Поккориҳо дар саросари ҷумҳурӣ: СУҒД

Корҳои безарагардонӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд, наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд дар ҷараён аст. Гурӯҳи зудамал ба дастаҳо ҷудо шуда, дар​ биноҳои баладошёнаи истиқоматӣ корҳои поккорӣ мегуаронанд. Аз чумла: рӯзи 20 май дар маҳаллаи 12-ум 11 адад бинои 5,6,9 ошёна, ки ҳар кадом аз 1 то 19 даромадгоҳ доранд, (ҷамь 69 даромадгоҳ) корҳои безараргардонӣ бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор ва маҳлули гипохлорид натрий гузаронида шуд.
Дар баробари роҳандозии ин корҳо аз ҷониби афсарони масъули Раёсат бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои мазкур корҳои тарғиботӣ низ гузаронида мешавад. Онҳо бо риояи ҳама қоидаҳои бехатарӣ  ба сокинон дар бораи коронавирус, пайдоиш, роҳҳои сироят ва пешгирӣ аз мубтало шудан ба ин беморӣ бо истифода аз  тавсияҳои табибон нақл мекунад ва аз онҳо даъват мекунанд, ки ба хотири коҳиши хатари ин вабо пурра пойбанди қоидаҳои бхатарӣ бошанд, то амнияти худ ва пайвандонашон ҳифз шавад. 

Ҷоиз ба қайд аст, ки то ба имрӯз аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат:

- дар маҳаллаҳои Хуҷанд 235 хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ аз 4 то 10 қабата,1375 даромадгоҳҳои  ҳавлиҳо,  саҳни ҳавлиҳо истиқоматӣ, роҳу кӯчаҳо,  35 истгоҳҳо, 3 гузаргоҳи зеризаминӣ;

- дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   104 ҳавлиҳои истиқоматӣ ва бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзии "Фаровон";

- 30 ҳавлиҳои истиқоматӣ дар шаҳри Бӯстон ва дигар иншоотҳои ҳаётан муҳим безарар гардонида шуданд ва ин корҳо дар ин самт идома дорад.

 

Шоҳзода Бутаева

барчасп: