Кумаки техникии Ҳукумати Ҷопон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Имрӯз, 22 – уми май ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои техникӣ ва техникаи муҳандисӣ барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот, ки Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи Ҳукумати Ҷопон харидорӣ кардааст, супурда шуд.  Ин дастгирӣ дар доираи тарҳи чаҳорсолаи «Таҳкими зарфиятҳои коҳиши хатари офатҳо ва эътино», ки миёни КҲФ, Ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди СММ моҳи сентябри соли 2016 имзо шуда буд, амалӣ гардид.

 Ба наҷотдиҳандагони КҲФ таҷҳизот барои ҷустуҷӯи одамони зери хоктӯдаҳо монда, таҳлилкунандаи сафарии газ, дастгоҳҳои назорати олудагиву ғубори ҳаво, таҳлилкунандаҳои дастии рентгениву флуорессентӣ, таҷҳизотҳои акустикӣ барои ҷустуҷӯи осебдидагон, андозагирҳои лазерии ғафсӣ, тоскулоҳҳо барои наҷотдиҳандагон бо компутерҳои планшетӣ ва таҷҳизот барои мошини ГАЗ ва ғайра таҳвил шуданд. 

 Ҳамаи таҷҳизоти таҳвилшуда ва мошинҳо барои гузаронидани корҳои садамавиву наҷот ва дигар корҳои муҳим пешбинӣ шудаанд.  

Дар маросими таҳвили техника  Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби  Такаяюки  Мияшита, Сафири Фавқулодда ва Мухтори  Ҷумҳурии Фаронса  хонум Ясмин Гуадер, Ҳамоҳангсози СММ, Роҳбари Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, Директори кишварии Барномаи умумиҷаҳони озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алберто Кореа Мендез, ҷонишини Директори Хазинаи кӯдакони СММ дар ҶТ хонум Зайнаб ал-Аззавӣ, сарвари Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ ва намояндагони дигар созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат намуданд.

Сарвари КҲФ зимни суханронии худ ба шарикон барои таҳвили техника сипосгузорӣ кард ва зикр намуд, ки техникаи мазкур бешак барои наҷоти ҳаёти одамон ва сабук кардани заҳматҳои наҷотдиҳандагон мусоидат мекунад.

барчасп: