Як тадбири муҳим ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус роҳандозии корҳои поккорӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, иншоотҳои идорӣ, даромадгоҳи манзили зисти сокинон, кӯчаву хиёбону гулгаштҳост. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷиддӣ донистани ин ҳамарӯза садҳо литр маҳлулҳои кимиёвии поксозандаро бо истифода аз таҷҳизоти дар ихтиёрдошта сарфи поккориҳо дар саросари кишвар мекунад. Ин тадбирҳо динаву рӯзи пеш аз он ҳам идома доштанд ва имрӯз ҳам идома доранд.
Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 21-уми майи соли равон гурӯҳи безараргардонии зиддиэпидемиологии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе иборат аз 12 нафар бо 3 адад автомашина, 12 адад дастгоҳи дорупошаки дастӣ, 3 адад дорупошаки муҳарикдор ба ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сафарбар шудаанд.
Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятӣ гурӯҳи безараргардонии Раёсати шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур аз кӯчаи Айнӣ № 63 шафати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ то даромадгоҳи шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд.
Дар маҷмӯъ барои безараргардонӣ дар кӯчаи зикршуда 4000 литр маҳлули гипохлориди натрий истифода карда шуд.
Озод Фахриддинзода