Имрӯз душмани биологии инсоният бо номи COVID – 19 ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ки кишвари мо низ аз он истисно нест. Айни замон роҳи асосии пешгирии ин маризӣ усулҳои профилактикии шахсӣ ва ҷамъиятӣ мебошанду халос. Агар мо бидуни таҳлука ин талаботро ҷиддӣ қабул намоем, кафолати солимии худу наздиконамонро таъмин хоҳем кард ва ҳаёти ҳеҷ касро дар хатар нахоҳем гузошт.
Аз рӯи таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, хуб мебуд, он бемороне, ки ориза надоранд ва ҳаёташон дар хатар нест, ба воҳима наафтанд, дар хона таҳти назорати духтур ва ҳамшираи шафқати оилавӣ табобат гиранд. Зеро дар сурати ба беморхонаҳо овардани чунин беморон боиси аз меъёр зиёд шудани теъдоди онҳо мегардад ва мушкилоти кормандони тибро, ки дар муҳити бисёр ҳассос фаъолият доранд, афзун мегардонад.
Ҳаминро бояд қайд кард, ки раванди патологии тавлидкардаи вирус маълум аст ва он аз ҷиҳати вирулентӣ ва токсигенӣ суст мебошад. Беморон бештар сабук ва боқӣ вазнини миёна мебошанд. Теъдоди беморони вазнин ва хеле вазнин дар кишвари мо нисбат ба дигар мамлакатҳо кам дида мешавад. Ба гумони ғолиб таъсири муҳити иқлимии мо ба вирус бе натиҷа намемонад. Зеро, вирусҳо муҳити хушкро намепазиранд ва фаъолияташон хеле паст мегардад. Агар дар гармӣ пуртоқат бошанд ҳам, (тадқиқот дар ин бора гуногунанд), вале дар муддати 15 дақиқа аз нурҳои ултрабунафш нобуд мешаванд. Чунин нурҳо дар офтоби тобони сарзамини мо кам нестанд. То ин ки ба вирус омилҳои марговари табиат таъсир намоянд, он бояд дар муҳити хушк, ҳавои тоза ва зери офтоб монад. Чуноне ки маълум аст, он аз одами сироятёфта бо роҳҳои қатрагӣ - ҳавоӣ, чангӣ - ҳавоӣ ва тамос паҳн мегардад. Ҳамин тавр вирус аз инсони сироятёфта аввал ба муҳити атроф афтода, баъд ба дигар кас мегузарад. Дарозумрӣ ва фаъолияти он аз иқлим вобастагӣ дорад. Агар омилҳои иқлимӣ ба инкишофи вирус мувофиқ оянд, он таркиби худро дигар накарда, ба дигар организм сироят мекунад. Баръакс, агар иқлим ба фаъолияташ мусоид набошад, нобуд мешавад ва ё таркибаш тағйир ёфта, дар он нуқсонҳо пайдо шуда, заиф ва нисбат ба аҷдоди қаблиаш камқувватар мегардад.
Саволе ба миён меояд, ки чаро ин вирус дар мамлакатҳои гарм, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, ки муҳиташ гарму хушк маҳсуб меёбад, фаъол аст? Бояд гуфт, ки аксари мардуми ин мамлакат сарватманданд ва дар тамоми воситаҳои нақлиёт ва хонаву қасру корхонаҳояшон кондитсионерҳо дар тамоми фасли сол кор мекунанд ва ҳаёташонро бе он тасаввур карда наметавонанд. Чунин шароит ва ҳавои салқин барои паҳншавӣ ва афзоиши вирус созгор аст. Маълум аст, ки онро то манъ кардани равуо ба кишварҳои хориҷ овардаанд.
Дар Ҳиндустон, ки аҳолиаш аз миллиард гузаштааст, паҳншавии вирус хеле суст аст. Зеро аксари мардум кондитсионер надорад ва дари хонаҳояшон (хонаҳои камбағалон) ҳамеша ба офтобу ҳавои тоза боз аст ва бештар дар саҳни хонаҳои худ ҳаёт ба сар мебаранд.
Бинобар ҳамин манзилҳоро ҳар рӯз зуд – зуд шамол додану дару тирезаҳоро кушодан ба манфиати кор аст. Ҳамин тавр вирус дар муҳити мо рӯз ба рӯз фаъолияти вайронкорӣ ва заҳрнокиаашро аз даст хоҳад дод.
Аз ин рӯ, бояд мардум ба тарсу воҳима наафтанд, зеро вируси дар кишвари мо омада, заиф аст ва торафт фаъолият ва заҳрнокиаш коҳиш меёбад. Рӯз ба рӯз беморони вазнин кам шуда истодаанд ва рӯзҳои наздик аз байн хоҳад рафт.
Имрӯз мо бояд аз ин вазъ хулоса барорем ва мутмаин бошем, ки табиби ҳар кас худаш аст, саломатии ҳар кас дар дасти худаш мебошад. Вирус дар хонаҳое, ки кондитсионерҳоро истифода мебаранд дурудароз боқӣ мемонад ва фаъолияту заҳрнокиаш меафзояд. Бинобар ин, бояд дару тирезаи хонаҳоро бештар боз намоем, ки ҳавои хона хушк бошад ва то имкон аст аз истифодаи кондитсионер худдорӣ намоем.
Вирус метавонад як моҳ пас шаҳру ноҳияҳои гарми моро тарк кунад, аммо дар деҳаҳои баландкӯҳ, ки иқлимашон салқин аст, як муддат боқӣ монданаш аз эҳтимол дур нест, ки он ҳам гузаранда аст.
Ҳоло бояд чунин қоидаҳои оддӣ, вале дар асл заруриро риоя намоем: ниқоб бандем, аз ҳамдигар фосила гирем, ҷамъ наоем, дастӣ салом накунем, ҳар замон дастонро шӯем, дурудароз ва дар масофаи наздик суҳбат наороем. Нагузорем, ки фарзандони хурдсол бе зарурат ба кӯча бароянд.
Ниёз ОДИНАЕВ, мудири кафедраи эпидемиологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб
Бознаш аз “Ҷумҳурият, 19 майи соли 2020