Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва шуъбаи Каритас Швейтсария дар Тоҷикистон 60 беморхона ва марказҳои саломатии воқеъ дар шаҳри Бохтару Кӯлоб ва 24 ноҳияҳои вилояти Хатлонро бо 82,000 литр собуни моеъ, 15,000 кг хлор, 14,000 ниқоб ва 2,280 литр маҳлули антисептикӣ таъмин карданд.
Мақсади вокуниши Швейтсария ин коҳиши паҳншавии вирус тавассути чораҳои асосӣ барои муҳофизати пизишкони дар сафи пешистода, кормандони ёрирасон, беморони бистаришуда ва хешвандони онҳоро ҳамроҳӣ карда ё парастори онҳо мебошад. Ҳамчунин барои ҳифзи кормандон ва бошандагони доимии хонаи пиросолони ноҳияи Ёвон, ки дар эҳтимоли хатари сироятианд, кӯмак расонида шуд. Тақсимот дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Гуфтанист, ки Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ мақомоти техникии Департаменти Федералии корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария мебошад. Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ барои ҳамкории умумии фаъолиятҳо дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ масъул аст. Дар доираи Стратегияи ҳамкориҳои худ барои солҳои 2017-2021 дар Осиёи Марказӣ, Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳор самт аз ҷумла а) Об, Инфрасохтор ва Тағйирёбии иқлим; б) Саломатӣ; в) Идоракунӣ, муассисаҳо ва ғайримутамарказкунонӣ; г) Шуғл ва Рушди иқтисодӣ фаъолиятҳои худро амалӣ намуда истодааст. Ҳадафи умумии Ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон сулҳ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ, инчунин ниҳодҳои вокуниш ва фарогир ва рушди устувор ҷиҳати беҳбудии некӯаҳволии мардум мебошад.
Ташкилоти Каритас Швейтсария дар соли 1901, дар шаҳри Люсерни Швейтсария таъсис гардида, аз соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти усулҳои марбут ба мутобиқ намудани сокинони камбизоати деҳот ба тағйирёбии иқлим, ки дар муҳити осебпазири мутамоил ба офатҳои табиӣ истиқомат мекунанд, фаъолият менамояд.