Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумори касонеро, ки зери назорати табибон қарор доранд, 3253 нафар эълон кард. Дар хабаре, ки ахиран ин ниҳод интишор дод, гуфта мешавад, ки то бегоҳи 21-уми майи соли равон дар мамлакат 3253 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 611 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Ҳамзамон, то соати 17:30 дақиқаи рӯзи 21 май дар кишвар 2350 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун 1008 нафар шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон, то таърихи зикргардида дар Тоҷикистон аз ин беморӣ 44 нафар фавтидаанд.
То субҳи имрӯз, 22-уми май дар олам 5 миллиону 103 ҳазору 278 нафар ба коронавирус сироят шуда, 331 ҳазору 924 нафар дар саросари олам аз ин беморӣ фавтидаанд.
Бино ба иттилои Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз дар ИМА шумори мубталоён ба 1 577 287 расида, аз ин вирус 94 702 ҳалок ва 298 418 нафар шифо ёфтаанд.
Теъдоди мубталоён дар Русия 317 554 нафар, фавтидагон 3099 нафар ва муолиҷашудагон аз Ковид-19 92 ҳазору 681 нафар мебошад.
Дар Бразилия аз ин беморӣ то кунун 20 ҳазору 047 нафар ҳалок шудаанд ва шумори мубталоён ба 310 ҳазору 87 нафар расидааст.