Табиатшиноси бразилӣ Дэвид Лапола (David Lapola) дар бораи ҷангалҳои Амазон изҳори назар карда ва гуфтааст, ки эҳтимол меравад сарчашмаи ояндаи як ҳамагирии ҷаҳонӣ ҳамин бешазорон шаванд. Сабаби ин пандемия метавонад ҳамлаи инсон ба табиат ва коҳиши масоҳати бешаҳои Амрикои Ҷанубӣ шавад. Дар ин бора ахиран ба нақл аз ин табиатшинос хабаргузории AFP иттило дод.
Донишмандон ба ин назаранд, ки пандемияи COVID-19 низ ба ҳамин тартиб пайо шуд ва авҷ гирифт. Васеъ шудани қаламрави шаҳрҳо ва афзоиши бесобиқаи аҳолии шаҳрнишин муҷиби коҳиши ноҳияҳои ваҳшӣ мешаванд ва инҳо асосан ҳамон навоҳие мебошанд, ки дорои захираҳои бешумори паногоҳҳо барои вирусҳо мебошанд. SARS-CoV-2 эҳтимолан бар асари танг шудани мавқеъи гардиши хуффошҳо арзи вуҷуд кард, бахусус дар Ҳубей, ки раванди шаҳрнишинӣ басуръат меафзуд ва шаҳрҳо торафт навоҳиеро, ки дорои бешаҳои ҳайвоннишин буданд, азхуд мекарданд.
Бешаҳои Амазон, ки ба сурати як зарфи бузурги пур аз вирусанд, вақтҳои охир майдони ҷангалҳои тропикӣ башиддат меафзоянд. Олимон инро ба сиёсатҳои иштибоҳии президенти Бразилия Жаир Болсонар иртибот медиҳанд, ки дар замони сарварии ӯ ҷангалбуррӣ афзоиш ёфт ва то кунун бештар аз 10 ҳазор километри мураббаъ ҷангалҳои Амазон нобуд карда шудаанд. Аз моҳи январи соли равон то кунун 1202 километри мураббаъ бешаҳои Амазон нобуд карда шудааст.
Дэвид Лапол мегӯяд нобудии системаи экологӣ замоне сабабгори рушди ВИЧ, Эбола шуда буданд. Ҳарчанд ҳоло манбаъи аслии паҳн гардидани вирусҳо Осиёи Ҷанубӣ ва Африқост, вале дар ояндаи наздик Амазон метавонад сарчашмаи пандемияи нави ҷаҳонӣ шавад.