Духтурони Чин мегӯянд ҳамкасбонашон дар Аврупо дар муолиҷаи беморони короновирус ба иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ додаанд. Иштибоҳи асосии онҳо беҳимоя будани худи кормандони тибб ва ба ин иллат сатҳи сироят миёни худи кормандони тибб боло меравад. Духтурони шаҳри Вуҳони Чин, ки бори аввал COVID-19 аз ин шаҳр сар бурун овард ва кулли оламро фаро гирифт, ҳоло мегӯянд табибони аврупоӣ иштибоҳи онҳоро такрор мекунанд.
Журналистони Bloomberg ахиран бо чанде аз духутрони чиние ҳамсуҳбат шудаанд, ки дар муолиҷаи беморони гирифтори ин вирус бевосита иштирок кардаанд. Ҷиддитарин камбуди муолиҷаро онҳо дар беҳимоя будани худи муолиҷон дидаанд ва мегӯянд ин боис шудааст, ки мармугир миёни худи духтурон дар аксари кишварҳои Аврупо афзоиш ёфтааст. Масалан, дар Вуҳони Чин дар ҳафтаҳои аввали моҳи январ, ки сироят ҳоло ба ҳадди чашмгир афзоиш наёфта буд, воситаҳои ҳимояи тиббӣ намерасид ва аз ин духтурон бештар сироят шуданд ва 46 нафари онҳо худ қурбонии ин вирус гаштанд.
Бино ба суханони Ву Донг, профессори коллеҷи тибии Пекин вазъи табобати беморони гирифтор ба КОВИД-19 дар кишварҳои аврупоӣ ба вазъи рӯзу ҳафтаҳои аввали муолиҷаи ин вирус дар Вуҳон шабоҳат дорад. Мо бояд кормандони тибро ҳифз кунем, гуфт ӯ. Сардори шуъбаи муолиҷавии коллеҷи тиббии Пекин Ду Бин мушоҳида кардааст, ки дар миёни духтурони Вуҳон отоларингологҳо ва духтурони чашм бештар сироят шуданд.
Ба фарқ аз беморони SARS, ки соли 2003 густариш ёфта буд, барои бисёре аз мутбалоёни COVID-19 аввал нишонаҳои хеле сабуки он намудор мешавад ва ё ин нишонаҳо дар ибдидо аслан аз худ дарак намедиҳанд. Аз ин рӯ, беморӣ нохудогоҳона миёни дигарон паҳн мешавад. Ин аст ки духтурони Чин ба он таъкид мекунанд, ки гузаронидани тестҳо вуҷуди беморириро дар марҳилаҳои аввали он ошкор мекунад. “Ман ҳатто тасаввур ҳам намекунам чӣ гуна шумо метавонед ҳодисаҳои шубҳаоварро ошкор созед, агар санҷишҳои тестии саривақтӣ нагузаронед”,- мегӯяд Ду Бин.
Ду Бин мегӯяд дар Чин тибби анъанавӣ барои кумак ба беморон самаровар буд. Аммо вай гуфт, ки аз нуқтаи назари духтурони ғарбӣ тибби анъанавии чинӣ дар муолиҷаи беморони гирифтори короновирус чандон самаровар нест, зеро арзёбии самарварии он бар пояи равишҳои дигар мебошад. Аммо духтурони чинӣ ба он таъкид мекунанд, ки ҳатто баъди аз миён бурдани хатари сироят ва густариши вирус бояд хеле эҳтиёткор буд, чун беэҳтиётӣ метавонад муҷиби густариши тоза шавад.
Чаро Аврупо ба як маркази асосии сироят табдил шуд?
Зеро дар ин кишварҳо шеваҳои санҷиши тестии короновирус ҳикоятгари системаи тандурустии онҳост. Масалан, дар ИМА таҳияи тестҳоро доим зери танқид мегиранд ва аз заъфи он ҳарф мезанад. Дар Ҳинд ва Индонезия аслан тест намегиранд, менависад Bloomberg.
Духтурони Чин ҳоло ба ин назаранд, ки раванди густариши вирус дар ин кишвар боздошта шуд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бошад ҳамвора ба болоравии ҳадди маргумир берун аз қаламрави Чин ҳарф мезанад. Аз пандемияи КОВИД-19 аз миёни ҳамаи кишварҳои Аврупо бештар Италия ҷабр дид ва баъдан Испания, Фаронса шумори бештари сироятшудагон доштанд.
Навиштаи Наталия Анисимова