Дар вилояти Суғд кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 12-уми май ба корҳои поксозӣ идома доданд. Аз ҷумла, аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ва бахши шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд дар 15 адад биноҳои истиқоматии 2-3 ошёна бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор ва маҳлули гипохлориди натрий корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд;
Нимаи дуюми санаи 12 майи аз ҷониби гурӯҳи мазкур дар сохторҳои ҳарбӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, бинои шифохонаи ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бинои Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд, Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷнд як силсила корҳои поксозии биноҳо ҷиҳати коҳиши хатари короновирус гузаронида шуданд.
Шаҳзода Нуриддинзода