Зарари селу жола дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд. Зарбаи 17 мушаки зиддижола ба абрҳои жоладор

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд зуҳри рӯзи 12-уми майи соли 2020, дақиқан соати 13:40 дақиқа бар асари борони пуршиддат дар ноҳияи Шаҳристон, ҷамоати деҳоти Турсунзода   сел омада, 1 адад пули маҳаллӣ зарар дида, корҳои бартарафкунӣ дар ин самт идома дорад.

Ҳамчунин дар ин рӯз боз ҳам бар асари борони шадид ва жола дар шаҳри Истаравшан, ҷамоати деҳоти Нофароҷ заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо зарар дидаанд.

Дар ҷамоати деҳоти Далёни Боло, деҳаи Ваҳдати ноҳияи Деваштич ва рустои Исмоили Сомонӣ борони пуршиддат ва жола ба заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо зарар расонидааст.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 12-уми май  бо истифодаи 17 мушаки зиддижолаи “Алазан 6” 7 минтақа дар ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Хуросон безарар гардонида шуд.

 

Тафсилот баъдан нашр мешавад.

 

Шаҳзода Нуриддинзода

барчасп: