Пули харобшуда дар Шаҳристон барқарор шуд. Оқибатҳои сел бартараф мешавад

Ҳамчуноне хабар дода будем, борони шадиди рӯзи гузашта харобиҳое дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд ба ҷо гузошт. Аз ҷумла,  бар асари борони пуршиддат дар ноҳияи Шаҳристон, ҷамоати деҳоти Турсунзода   сел омада, 1 адад пули маҳаллӣ зарар дида, корҳои бартарафкунӣ дар ин самт идома дорад.

Бино ба хабари охир ва чанд расме, ки ахиран ба дастамон расид, пули хароб дубора барқарор шуд. Оқибатҳои сел бартараф мешаванд.

Бино ба ҳамин хабар рӯзи 12-уми май боз ҳам бар асари борони шадид ва жола дар шаҳри Истаравшан, ҷамоати деҳоти Нофароҷ заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо зарар дидаанд.

Дар ҷамоати деҳоти Далёни Боло, деҳаи Ваҳдати ноҳияи Деваштич ва рустои Исмоили Сомонӣ борони пуршиддат ва жола ба заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо зарар расонидааст.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 12-уми май  бо истифодаи 17 мушаки зиддижолаи “Алазан 6” 7 минтақа дар ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Хуросон безарар гардонида шуд.

 

Шаҳзода Нуриддинзода