Гурӯҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз густариши короновирус басо фаъолона ҷойҳои пурҷамъият ва маконҳоеро, ки маъмулан одамон бештар таҷаммуъ мекунанд бо истифода аз маҳлули гипохлорити натрий ва калсий поккорӣ мекунанд.
Чунончӣ, дар вилояти Хатлон кормандони КҲФ бинои прокуратура, суд, милитсия, майдонҳо, поркҳо ва қаламрави наздик ба онҳо дар шаҳри Бохтарро аз нигоҳи беҳдоштӣ тозову пок карданд. Ҳамчунин қаламрави як қатор қисмҳои ҳарбии наздикии шаҳри Бохтар низ поккорӣ шуданд.
Шабонарӯзи гузашта гурӯҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар қаламрави шаҳри Душанбе бо ёрии техникаи махсуси Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ – радиометрии КҲФ корҳои дезинфексионӣ гузарониданд ва барои ин корҳо бештар 7 тонна маҳлули гипохлорит истифода гардид.
Ғайр аз ин ҳангоми роҳандозии корҳои беҳдоштӣ мутахассисони Кумита бо сокинони кишвар дар бораи риояи қоидаҳои беҳдошт, чӣ бояд кард, то худро аз сироят ба ин вируси хатаровар дур нигоҳ дошт, дар бораи қоидаҳои пӯшидани ниқоб, шустушӯи дасту рӯй ва ғайра суҳбатҳои анҷом медиҳанд.
Дар ҷараёни роҳандозии корҳои таблиғотӣ ба аҳолӣ варақаҳову китобчаҳо тақсим намуданд. Ғайр аз ин дар ҷойҳои серодам ин варақаҳо барои истифодаи умум часпонида шуданд.