Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 18 – уми майи соли равон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе гурӯҳи безараргардонии зиддиэпидемиологии Раёсати шаҳри Душанбе иборат аз 13 нафар бо 2 адад автомашина, 10 адад дастгоҳи дорупошаки дастӣ, 3 адад дорупошаки муҳаррикдор ба ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сафарбар шудаанд.
Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии СOVID-19 ин гурӯҳ дар кӯчаҳои Рӯдакӣ №№2, 4/1, 4/2, 4/34, 4/33, кӯчаи Назаршоев №№ 116/1, 116/2, 118/1, 120, 124, 128, 132, 136/5 ва дуюм гузаргоҳи бинои №3, 138/1, 9, 89, 7/91, 49, кӯчаи Валаматзода №№21а, 21б, 21в, кӯчаи Нисор Муҳаммад №№8/1, 8/2, 8/3, 8/4, 6/1, 6/2, 6/3, 4, 4а, 1/1, 1/2, 1/3,1/4, 1/5, 1/6, 3/3, 3/1, 3/4, 5/1, 5/2, 5/3, 5/4, 5/5, кӯчаи Беҳзод №1 корҳои безараргардонӣ гузарониданд.
Барои роҳандозии ин корҳо дар кӯчаҳои зикршуда, 4000 литр маҳлули гипохлориди натрий истифода шуд.