Поккориҳои дастаҷамъӣ дар вилояти Суғд. Ширкати фаъоли Раёсати КҲФ дар вилоят

Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз  бемориҳои сироятӣ  ва таъмини солимии сокинон ва меҳмонони маркази маъмурии вилояти Суғд тадбирҳои безараргардонии сартосарӣ  пурзӯр гардида,  ҷамъи қувваю василаҳо барои  тамоман аз байн бурдани ин вабои аср сафарбар мешавад.

Ин навбат корҳои безарагардонӣ бо ҷалби як қатор кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ, бахши  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ  ба роҳ монда шуданд.
Корҳои тамизгардонӣ нахуст дар  ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ, бозорҳо ва ғайра роҳандозӣ шуданд. 
Ҳамин гуна тадбирҳои безараргардонӣ дар  кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои нақлиётӣ дар ҳудуди кўчаҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Гагарин, Сирдарё, Раҳим Ҷалил, Рифъат Ҳоҷиев, Аминҷон Расулов, Шарқ, Фирдавсӣ, Саидвалиев, Истиқлол ва як қатор маотиқи дигар   гузаронида шуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ин тадбирҳо то анҷом ёфтани паҳншавии бемории  сироятии COVID-19 дар тамоми шаҳр идома меёбанд.
Корҳои тамизгардонӣ бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус асосан шабона амалӣ гардонида мешаванд ва  он набояд сабаби ба таҳлука афтодани сокинони шаҳр гардад.
Ҳамзамон ҳамарӯза дар шаҳри Хуҷанд баҳри тозаю озода нигоҳ доштани  ноҳияву маҳаллаҳо, даромадгоҳҳо ва атрофи биноҳои маъмурию истиқоматӣ корҳои иттилоотӣ бурда мешаванд ва тамоми корҳои тамизкорӣ бо риояи реҷаи махсус зери назорати қатъии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд қарор дорад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Ҳамаи ин тадбирҳо ҳамарӯза аз ҷониби Роҳбарияти Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар  Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешаванд.

 

Шоҳзода Бутаева,

масъули бахши матбуотии

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд