ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ. Фарҷоми фоҷеабори кашшофи уқёнуси Ором. Васко Нунйес де Балбоа (1475-1517)

Дар асрҳои  XV—XVI Колумб ва ҳамзамонони ҷавонсолу ҳамсафонаш хати соҳилии тӯлониро аз Юкатана то минтақаи тропики Ҷануб кушоданд. Аммо на испониҳо, на португлиҳо талош накарданд, аз соҳил ба дарунтари қора раванд. Барои он ки ин гуна кӯшишҳо мувффақона бошанд, бояд дар соҳилҳо манотиқи аҳолинишини доимӣ  бунёд мекарданд.

Бори аввал ин корро  Алонсо де  Охедо анҷом дод. Соли 1510 вай дар қисмати шарқии соҳили халиҷи Ураба (дар ҳамон ҷойе, ки гарданаи Панама бо қитъаи Амрикои Ҷанубӣ мепайвандад) қалъаи Сан-Себастянро бунёд кард. Охедо дар талошҳояш оид ба шикори одамон дар ин мавзеъ ва ба ғуломӣ фурӯхтани ҳиндуҳои боздоштшуда ноком шуд. Ҳиндуҳо муқовимати шадид нишон доданд ва дар яке аз ҷангҳо аз тири заҳролуди камонғулаи онҳо 70 сарбози Охедо кушта шуданд. Гузашта аз ин экспедитсия хеле бад омода шуда буд, маводи ғизоӣ батариҷ кам шуд, хавфи гуруснагӣ афзуд. Конкистадорони коҳил ва ба бекорӣ одаткарда намехостанд бо заҳмати худ қут пайдо кунанд ва бихӯранд. Гуруснагӣ ва вараҷа ба ҷони одамон таҳдид мекард. Норозигии сарбозон меафзуд ва танҳо сахтгирии Охедо интизомро нигоҳ медошт. Билохира, бо ғанимате, ки аз ҳиндуҳо гирифта буд ва аз ковишҳо ба даст оварда буд, Охедо аз роҳзанҳои баҳрии наздик маводи ғизоӣ дарёфт кард, онро назди ҳамроҳонаш гузошт ва худ бо зумрае аз ҳайаташ барои дарёфти кумак ба Эспанола рафт. Аммо ин рафтани бебозгашт буд, вай дигар ба бошгоҳи бунёдкардаи худ барнагашт.

Сарбозони дар интизории сарвари худ хасташуда ба қароре омаданд, ки ин макони фалокатборро тарк кунанд, халиҷи Урабаро убур намуда, дар минтақаи «Кастилияи Заррин» (он замон гарданаи Панама бо ҳамин ном ёд мешуд), мустақар шаванд. Аммо онҳо расман ҳақи будубош дар «Катилияи Заррин»-ро надоштанд, чун ин минтақа хеле барвақт ба конкистадори дигар – Диего де Никуэсе супурда шуда буд, вале онҳо интихоби дигар надоштанд. 

Муаллифи пешниҳоди муҳоҷират ба «Кастилияи Заррин» ва саркардаву яке аз фаъолони ковишҳо дар замини нав шахси моҷароҷӯ Васко Нунйес де Балбоа буд. Бори аввал вай дар наврасӣ ба Олами Нав дар ҳайати экспедитсияи Родриго Бастидас ((исп. Rodrigo de Bastidas), ки солҳои 1500-1502  дар ҳавзаи Кариб Колумбияи кунуниро кашф карда буд, омад. Он замон Васко Нунйес дар Эспанола мустақар шуда, дар қарз ғӯтид ва чун ба қарздорон иҷозаи хуруҷ аз Эспанола дода намешуд, вай худро дар бушкаи орддори як киштӣ ҷо намуд ва пинҳонӣ аз Эспанола фирор кард. Ин киштӣ одамон ва захираҳои хӯрокиву силоҳро ба Сан-Себастян интиқол медод. Капитани киштӣ Мартин Фернандес Энсисо дар оғоз хост Васкоро чун ҷинояткор дар яке аз ҷазираҳои беодам аз киштӣ берун кунад, вале баъд ғазаби худро фурӯ бурд ва меҳрубон шуд. 


Ҷазираи Ураба.

Вақте одамони Охедо дар «Кастилияи Заррин» мустақар шуданд, Нунйес де Балбоа, ки марди хушсурате буду маккору корчаллон ба зудӣ ихтиёроти умумро ба даст гирифт. Табиист, ки вай аз сифатҳое бархӯрдор буд, ки он замон бе он наметавонист сарвари гурӯҳе бошад: ҷисман пурқувват буд, аз силоҳ хуб метавонист истифода кунад, боҷуръат ва ҷасуру нотарс буд ва дар муносибат бо мухолифонаш сахтгиру золим.  Фернандеса Энсисоро, ки аз ҷониби Охедо ба вазифаи муҳими саралкалд ( (порт. Alcaide – вазифаи маъмуриву ҳарбӣ дар Испания ва Португалияи қари вусто) таъин шуда буд, Васко Нунйес ба сӯистифода аз вазифа муттаҳам намуд ва водор кард, ки Дарйенро тарк кунад. Ба ноиби вай Никуэс низ ҳамин гуна муносибатро раво дид. Вақте вай хост аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунад, Васко вайро бо чанд тани дигар аз ҳамроҳонаш ба киштии фарсудае нишонд ва маҷбур кард, ки аз Дарйен биравад. Аз он вақт дигар касе Никуэсро надид. 


Ҳиндуҳо, бумиёни ҷазираҳои Антил.

Васко Нунйес чун қудрати идориро пурра ба даст гирифт, дар ҷустуҷӯи маводи ғизоӣ ба канораҳои заминҳои мутаалиқ ба ҳиндуҳои қабилаи касикҳо (исп. Cacique-бумиҳои ҷазираҳои Антил, аввалин қабилаи ҳиндуҳои Амрико, ки бо аврупоиён ҳамкорӣ карданд) ҳамла намуд. Ҳамаи талошҳои муқовимати ҳиндуҳои бесилоҳро дарҳам шикаст ва бераҳмона онҳоро ҷазо дод. Ҳиндуҳо аз тарс фирор мекарданд ва испониҳо хонаҳои холимондаи онҳоро ғорат мекарданд. Онҳо торафт дохилтари қитъа мешуданд, соҳилҳоро вогузошта, ба таъқиби ҳиндуҳо ба бошгоҳҳои дохилтари онҳо мерафтанд.  Аммо Нунйес де Балбоа бо зиракие, ки хоси вай буд, баъзе ҳиндуҳоеро, ки ихтиёрӣ ҷавоҳирот ва дороиҳои худро ба вай медоданду таслим мешуданд, намекушт ва онҳоро ҳатто дар муборизаашон бо мухолифону душманонашон дастгирӣ мекард. 

Аз яке касикҳо вай дар бораи баҳре шунид, ки дар ҷануб ҷойгир шуда буд ва роҳ ба сӯи ин баҳр аз тариқи кӯҳҳои мушкилгузар буд ва дар канори он давлати муқтадир ва сарватманди Перу ҷойгир шуда буд, ки сокинони он бо зарфҳои зарин ғизо мехӯранд. Аммо касик испониҳоро ҳушдор дод, ки барои расидан ба ин кишвар онҳо бояд на камтар аз ҳазор сарбози омӯзишдида дошта бошанд. Ин аввалин маълумоте буд дар бораи кишвари пурқудрат, ки испониҳо дарёфт карданд.

Барои сафар ба ин баҳри номаълум Васко Нунйес дарҳол тасмим нагирифт, дар ҳоле ки тиллои зиёдро дар ҳамин нукот ҳам метавонист ҷамъоварӣ кунад. Аммо баъдтар хабар ёфт, ки шоҳ муносибати вай бо Энсисо ва Никуэсро чун балво донистааст. Балбоа дар ин андеша шуд, ки агар сафараш бомуваффақият бошад ва кушоиши нав кунад, шоҳ бидуни шак гузаштаи вайро мебахшад. 


Бартоломе де Лас Касас

-исп. Bartolomé de las Casas
кашиш, нависанда ва усқуфи испонӣ.

Охири моҳи августи соли 1513 бо 190 тан испониҳо ва чандин ҳиндуҳои борбардор ба сафар баромад. 25 сентябр бо тай кардани монеъаҳои зиёд, дастаи хастшуда ба қуллаи баланттарин кӯҳ боло шуд.  Ҳиндуҳо Васкоро огоҳ карданд, ки ба мавзеъи мавриди назар наздик мешаванд. Вай одамонашро гузошта, худ танҳо ба қулла баромад. Ин ҷо вай сар ба зону ниҳода, Худовандро сипос гуфт, ки барояш шарафи дидани баҳри Ҷанубро насиб гардонд. Баъди чанд рӯз дастаи Васко аз кӯҳ поин шуд ва ба соҳилҳои уқёнус расид. «Бо сипар ва шамшер вориди об шуда, - навишта буд дар китоби худ «Таърихи Ҳиндуҳо» Бартоломе де Лас Касас – инсонпарвар ва маррихи испонӣ, - Васко Нунйес ҳамаи шоҳидонро даъват кард, ки вай шахсан баҳри наверо мебинад ва савганд ба номи шоҳи Кастилия, ки баҳри Ҷануб ва соҳилҳои канори онро аз худ медонад ва онро аз ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳуқуқҳои вайро поймол созанд, ҳимоят хоҳад кард». Дар ин мавзеъҳо ба онҳо муяссар шуд, ки аз ҳиндуҳо миқдори азими тилло ва марвориди зиёдро мусодира кунанд ва ин беш аз ҳар чизи дигар испониҳоро хушнуд кард ва муаррихи ёдшуда Лас Касас дуруст зикр карда буд: «тилло ягона чизе буд, ки онҳо бо ҳирс дар ҳама ҷо ва ҳамеша меҷустанд».


Лаҳзае, ки Лас Касас тасвир кардааст.

Дар роҳи бозгашт испониҳо бо мушкилоти гӯшношуниде рӯ ба рӯ шуданд. Роҳи онҳо аз кӯҳ ба кӯҳи дигар, ки аслан роҳи тайшуда надошт, мегузашт, мебоист худ барои худ роҳ пайдо мекарданд ва баъзан лозим меомад аз ботлоқзорон низ убур кунанд. Чандин нафари онҳо бар асари гуруснагӣ ба ҳалокат расиданд. 19 январи соли 1514 баъди сафари панҷмоҳа Васко Нунйес дар Дарйен бозгашт ва дарҳол ба унвони шоҳ ҳисобот дар бораи кашфиёти тозае, ки касе онро намедонист ва ҳатто нашунида буд, ирсол кард ва ҳамроҳ бо ин ҳисобот ба шоҳ тиллову марвориди зиёде низ фиристод.


Педрариас де Авила - мудири  давлатии мустаъмаротии

Испания, аввалин ҳоким дар мустаъмараҳои аврупоӣ
дар Амрико. 12 сол волии Панама ва 4 соли дигар ҳокими
Никарагуа буд.

Шоҳ Балбоаро бахшид, аз ҳама гуноҳонаш гузашт ва барояш унвони аделантадои Панамаро бахшид, вале на ҳокимият ба қаламрави муайян, балки сарпарстии воҳидҳои конкистадорон дар қаламрави ишғолиро бахшид. Ашрофзодаи ҳарис, ҳасуду бемаҳорати испонӣ Педрариас де Авила, ки Балбоаро чашми дидан ҳам надошт, ҳокими минтақа таъин гардид. Аз сӯи дигар Васкои одаткарда ба амру фаромоиш аз итоат ба вай сар печид. Муносибати онҳо бад шуд. Балбоа ба он умед баст, ки кишвари қудратманди Перуро забт кунад. Педрариас аз он нигарон буд, ки дар сурати ишғоли ин кишвар ва муваффақиятҳои дигар Балбоа аз итоати вай хориҷ мешавад.

Педрариас фармони боздошти Балбоаро содир кард. Соли 1517 одаме, ки барои Испания уқёнуси Оромро кашф карда буд, ба хиёнат ба шоҳ муттаҳам шуд ва сар ба кундаи қатл гузошт. Империяи инкҳоро Франсиско Писаро, ки фармони боздошти Васкоро иҷро карда буд, шикаст дод ва сарзамини онҳоро ба даст овард. 

Дар ин бора баъдтар ҳикоя хоҳем кард...

Таҳияи Б.Шафеъ

МАТОЛИБИ ДИГАР ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ: