Давлати Ҷопон бештар аз 110 ҳазор нерӯи имдодиро ба манотиқи осебдида аз тӯфони “Ҳогибис” эъзом кард. Ин бузургтарин тӯфоне буд, ки дар даҳсолаҳои ахир ба Ҷопон расид, 37 нафар дар ҷон ҷон бохтанд, 20 нафар бенишон ғайб задаанд. Ин тӯфон сабаб шуд, ки се мусобиқаи ҷоми ҷаҳонии регбӣ мутаваққиф шавад. Дар айни замон мақомот эълон карданд, ки “Ҳогибис” заъиф шуд, дар хушкӣ таъсир надорад, аммо он муҷиби харобиҳои зиёде гашт.
Ҳазорони маъмурони пулис ва оташнишонӣ ва горди соҳиливу нерӯҳои амниятӣ дар талош ҳастанд, то мардуме, ки дар рониши замин ва сел гирифтор шудаанд, наҷот диҳанд.
Чархболҳои наҷот ва имдод сокинонро аз бомҳои биноҳои селзада наҷот додаанд ва дар шимоли Токио нерӯҳои имдодӣ барои кумак ба сокинон аз қоиқҳо истифода кардаанд.
ВВС истинодан ба мақомоти давлатӣ хабар дод, ки рӯдхонаҳои ин кишвар дар 14 бахши мухталиф туғён кардаанд ва ба бахшҳои маскунӣ ворид шудаанд. Нерӯи барқ ва об барои ҳудудан 400 ҳазор нафар қатъ шуд, парвози ҳавопаймоҳо мутаваққиф гашт, қаторҳо аз роҳ бозмонданд.
Ин тӯфон рӯзи шанбе муҷиби рониши замин дар нимҷазираи Езу дар ҷанубу ғарби Токио шуд. Ҳукуматдорони Ҷопон аз бештар аз 7 миллион сокинони минтақаҳои наздик ба тӯфон даъват карданд, ки филҳо хонаҳои худро тарк кунанд. Аммо танҳо таъминан 50 ҳазор нафар ба макони амн рафтанд.
Мақомти Ҷопон расман эълон карданд, ки аксари ҳалокшудагон дар макони рониши замин ҷон доданд. Ва ё ҳангоме ки сел ба макони сукунати одамон расид ва онҳо савори мошин буданду дар натиҷа кушта шуданд.