Ривоятест миёни мардуми Помир, ки деҳаи Сарез қабл аз зери об монданаш зеботарин ва калонтарин рустои дарёбоди Мурғоби водии Бартанги Бадахшон будааст. Мардуми деҳоти ин мавзеъ аз шарофату баракати табиати дарраву пуштаҳои он ба чизе ниёз надоштанд. Ҷангалҳои пур аз хазандаву паррандагон, пуштаҳою чарогоҳҳои макони нахчиру қутосу мешакҳои кўҳӣ, сойҳои пур аз моҳиён, манбаъи ғизои эшон буданд. Ғаллаву мева низ фаровон мерўид.
Хазонрез чун ҳосилро ҷамъоварӣ ва дар анборҳои хеш захира мекарданд, то баҳорон машғули шикору бозиҳои варзишӣ мешуданд. Ҷавгонбозӣ, бузкашиву, пойга, мерганию гуштингирӣ аз шуғлҳои дустдоштаи мардумон буданд, ки тамоми зимистон машқу тамрин карда, дар иди Наврўз мусобиқаҳо меоростанд. Аз ибодату зўҳд, сахову марҳамат, шукру шукргузорӣ ба даргоҳи офаридагор фаромўш сохта буданд.
Боре ҳангоми бозии навбатии ҷавонон дар чавгонбозӣ гўйи чавгон зери ях ғутидаву фурў рафт. Бозингарон хеле саргарми бозӣ буданд ва мунтазири овардани гўйи нав нашуда, кулчаҳои хушки нонро, ки бо худ доштанд ба замин партофта чун чавгон ба бозӣ гирифтанд.
Мусофири ғарибе, ки чанд рўз пеш дар Сарез пайдо шуда буд, онҳоро аз ин кор боз дошт ва насиҳат кард, ки дар даргоҳи Худованд аз шаробмаст дида «хамирмаст» (масти нону ғизо) гунаҳкортар аст. Аммо онҳо суханҳои пири мусофирро ба масхара гирифтанд ва худи ўро сахт озор доданд. Пиразане, ки бо набераи худ ба тамошо омада буд, мусофири пирро аз чанголи мазаммати ҷавонон раҳонида ба хонаи хеш бурд ва бо нону шир зиёфат дод. Пири ғариб ангушти хешро ба шир тар карда ба даҳон бурд ва кулчаи ҷавинро ба лабонаш расонда бўса карду рўи дастархон гузошт. Сипас, пиразанро гуфт, ки баъди намози хуфтан набераву анҷоми зарурии хешро гирифта назди Мазори Чилтанон барояд ва худ бидуни он ки аз дари хона берун ояд ба якборагӣ дар ҷойи нишасти худ ғайб зад.
Пиразани дар шигифтмонда назди сарони деҳа рафт ва аз дидаҳои хеш барояшон қисса кард:
- Бовар кунед ин мусофир гадо набудааст. Ў ба гумонам Ҳазрати Хизр буд. Ман дар кўдакӣ аз падарам шунида будам, ки гоҳ-гоҳе Ҳазрати Хизр дар андому симои одамӣ зуҳур карда, байни мардуми роҳгумкардаю азхудрафта даромада онҳоро мушоҳидаву насиҳат мекунад. Нишонаҳояш ин аст, ки қоматаш зери офтоб соя надорад, нарангушти панҷааш аз ангуштҳои дигар дарозтар аст ва вақти роҳгардӣ шарфаи пой надорад. Ман ин ҳама нишонаҳоро дар ин мусофир дидам ва ў маро огоҳ кард, ки бо набераам шабонгоҳ деҳаро тарк кунам, гуфт пиразан.
Аммо касе мушоҳидоти ўро бовар накард, гуфтаҳояшро ба ҷидд нагирифт ва ҳарфҳояшро нашунид.
Шаб Пиразан бо набераи хеш зери санги Мазори Чилтанон аз сардию намнокии ҳаво меларзид. Борон мерехту мерехт ва садои бориши он тамоми водиҳои дарраро фаро гирифт. Нимаи шаб замин ҷунбид, ларзид, болову поин рафт ва ҳама ҷою ҳама чиз дар водӣ чаппаву харобу зеру забару таги об шуд.
Субҳдам расида бошад ҳам атроф хеле торик буд, аммо дида мешуд, ки водӣ ба кўли бузурге мубаддал шудааст. Чун равшантар гардид, рўйи оби кули бузург тахтапорае сўи пиразан ва наберааш шинокунон наздик меомад, ки рўи он бузу ғалбер, хурусу кафшҳои наберааш низ буданд. Аз тамоми мавҷудоти зиндаи водӣ танҳо ҳаминҳо наҷот ёфтанд ва водӣ кўли Сарез шуд. Ин ривоят миёни мардуми аввом басо маъруф буд…
Аммо дар асл…
Сад сол қабл аз ин субҳи 6 феврали соли 1911 дар кўҳистони Бадахшон замин сахт ларзид, ончунон ҷунбид, ки амвоҷи ларзиши онро таҷҳизоти маркази зилзиласанҷии Пуликови шаҳри Петербург дар масофаи 3860 километр эҳсос ва зикр кард. Пас аз дуҳафта 18-уми ҳамон моҳ соати 23,17 дақиқаю 55 сония такони аз аввала шадидтар рух дод. Дар тангнои деҳаи Усойи дараи Бартанг, кўҳи бузурге аз ғаллаёну ҳарорату фишори шадиди зеризаминӣ боло хеста мисли дарахти тўфонкандаю бурида чаппагардон шуд ва рўи дарраро пўшонд. Чангу ғубори ба ҳаво хеста чаҳор шабонарўз фазои дарраро тираву хира намуд.
Субҳидами рўзи сеюм мардуми деҳоти болообу поёноб, ки хонаҳои онҳо низ харобу валангор шуда буданд, аз аҳволи худ даргузашта ба хабаргирии аҳволи мардуми деҳаи Усой, ки садои даҳшатноки таркидану ғалтидани кўҳ ва чангу ғубор аз онҷо хеста буд, раҳсипор шуданд. Аммо оби рўдхонаи Мурғоб хушк шуда ва роҳи дараро садди бузурги кўҳтўдаи ғалтида гирифта буд.
Деҳаи зебои Усой бо пиру барнои хеш, бо дарахтону боғоташ, зери кўҳи гарон ба хоби абадӣ рафта буд... Тибқи як ҳисоб дар ин ҳодисаи даҳшатноку фоҷиабор дар Бадахшон 835 тан ҳалок шуда буданд.
Зиндамондагони ҳамсоядеҳаҳо, чароғи шаҳидони зери кўҳтўдаи Усой мондаро рўшан, анҷому афзори рўзгорро ҷамъ, аспу улоғҳои хешро зин кардаю бор баста, чорворо пеш-пеш андохта , деҳаҳои хешро, ки зина ба зина таги об мерафтанд, тарк карданд. Ба ҳисобе 54 ва ба ҳисоби дигар бештар аз он хонаҳо бо соҳибони хеш дар ин деҳаи ободон зери кўҳ монданд. Танҳо се тан, Миршаиб, Натмит ва Силтмамад, ки ба меҳмонии деҳаи дигар рафта буданд, аз марг наҷот ёфтанд.
Биноҳои деҳоти дигар аз ҷумла рустои калонтарин ва зеботарину биҳиштосои водии Бартанг Сарези нозанин низ фурў рафта ҷойи харобаҳои онҳоро лаҳза ба лаҳза кўли бузурге бо ҳамин ном фаро мегирифт. То ду сол оби дарёи Мурғоб банд монду кўл истод ва танҳо тирамоҳи соли 1913 дар баландии беш аз 279 метр аз синаи садди кўҳтўдаи фурўрафта, чашмаҳо заҳидаю дамида шаршара шуданд ва рўдхонаи Мурғоб аз нав зинда шуда, акнун оби он , ки хеле софу тоза буд, ба рўди Ғудара омехта дарёи Бартангро аз сари нав пўроб гардонд.
Қабули Қурбонбек – аввалин нозири Сарез
Сардори постгоҳи ҳарбии Помир , афсари рус, капитан Г. А. Шпилко, ки отряди низомиёни русро дар Бадахшон сарварӣ мекард, моҳи майи ҳамон сол бо чанд тан ба хабар гирифтани ҷойи зилзила омад. Оби кўл алаккай бузург шудаву рустои Сарез ва атрофи онро пахш карда буд ва ҳамоно боло мерафт ва касе ёд надорад, нахуст аз ҳама кадоме аз мардум тоҷик ё рус ин кулро «Сарез» хонда буд, аммо дар санадҳои нахустин бо ҳамин ном кўли навтавлид, зодаи фоҷиаи табиӣ зикр шуда буд.
Қабули Қурбонбек, марди муллои бо хату савод,оҳангар ва шикорчии моҳир, сокини деҳаи Барчидиф, ки 18 км пойинтар аз кўҳтўдаи Усой воқеъ мебошад, яке аз аввалинҳо шуда аз ҷойи ҳодисаи фоҷиабор хабар гирифта буд. Баъдан вай дастаи Г. А. Шпилкоро дар сафарашон ба Сарез мушоият ва раҳнамоӣ менамуд. Дар бозгашт капитан Шипилко баъдан генерал майор, аз ў хоҳиш намуд, ки кўлро нигаҳбониву назорат кунад, мабодо сокинони поёноб аз хатари ногаҳонӣ ва бемавриди сар задани сели об дар ғафлат намонанд.
Аз шохаҳои рости дарахтони бед чўбҳои думетрӣ бурида, боло хестани оби кўлро ба қайд гирад ва ҳар семоҳа ба Мурғоб, ки посгоҳи отряди Помир ҳанўз дар он ҷой мустақар буд, ба сардори отряди ҳарбиён маълумот ирсол кунад.
Қабули Қурбонбек ҳамоно ризоят дод ва беихтиёр бидуни маошу ваъдаи музди хидмат, нахустин обуҳавошинос, яъне гидрологи тоҷик дар кўли Сарез гардид. Аз он ба баъд вай ҳар моҳ ба Сарез рафта, андозачўбҳои худро тафтиш мекард ва баъди се моҳ ахбори худро ба Хоруғ гузориш медод.
Тобистони соли 1917 гурўҳи ҷуғрофшиносони Русияи подшоҳӣ бо роҳнамоии Н. Иванов ва Н. Корженевский ба хотири омўзиш лозар-яхистонҳои Помир омода аз Сарез низ дидан карданд. Тартиби кори Қабули Қурбонбекро хело писандиданд ва маслиҳат шуд, ки мавзеъи кори ўро ба истгоҳи бодуҳавосанҷии Сарез табдил дода, корро расмӣ мегардонанд.
Онҳо кўлро ба умқу дарозӣ ва бару миқдори шохобҳо андозагириву чен карда, таркиби кўҳтўдаи Усойро омўхтанд ва аз Қабул, ки зеҳни тезу гиро дошт ва дар корҳои тадқиқотии онҳо довталабона ширкат менамуд, хоҳиш карданд, ки кори кардаи онҳоро идома бидиҳад. Чанд асбоби кори хешро барояш ба ёдгор гузоштанд. Сокинони поёноби дарёро дилпурӣ доданд, ки имкони боз шудани кўл хеле ночиз аст ва ваъдаи дар тобистони дигар омаданро дода рафтанд.
Аммо дар Русия инқилоби болшевикӣ рух дод ва ҳукумат табдилу сиёсатҳо тағйир ёфтанд. Қабули Қурбонбек, бо дили соф ва содиқона ба ваъдаи хеш вафо намуда, ҳар моҳ Сарезро мушоҳида мекард ва ба Хоруғ гузориш мефиристод. Танҳо баъди даҳ сол аниқтараш моҳи июни соли 1927 Н. Корженевский бо гурўҳи кўҳшиносони хеш ба хабаргирии Сарез омад ва барояш сахт шигифтангез буд, ки як марди одии куҳистонӣ тамоми ин муддат бидуну нуқсу маош вазифаи ихтиёрияшро ризокорона ва содиқона иҷро намудааст.
Тибқи андозчўбҳои гузоштаи Қабул соли камобӣ камтар аз сад ва соли сербориш то чандсад метр оби кўл боло рафтааст.
Дар дидбонгоҳи Қабул пойгоҳи обуҳавосанҷии Йирхро ташкил доданд ва ўро сардори он таъин карда бо баргардони музди даҳсола ва Ифтихорномаи Ҳукумати Шўравии ҷавон тақдир намуданд.
Дар ҷавоби суоли Корженевский, ки бо чӣ умед ва чаро ин қадар вақт ризокорона хидмат кардаӣ, хело сода ва хоксорона ҷавоб дод. Аввал ин ки ба Шпилко ваъда дода будам ва дуюм вазифаи худ мешумурдам ва мешуморам, ки мардумро аз хатари шуста шудани сарбанд ва рух додани офати навбатии сел огоҳ кунам.
МАЪЛУМОТ : соли 1911 оби кўл 0 метр. Соли 1913 то 279 метр, соли 1915 то 352 метр, соли1926 то 477 метр, соли 1934 то 486 метр, соли 1946 то 498 метр ва соли 1986 то 505 метр боло рафта, дигар дар ҳамон сатҳ (гоҳе боло ва гоҳе поён) мондааст. Хаҷми об 17 км мукааб, ҳарорати он дар тобистон мусбат 8 дараҷа ва зимистон манфӣ 35 дараҷа мебошад. Баландии кўҳтўдаи Усой аз 567 то 800 метр аз бистари дарёи Мурғоб иртифоъ дошта, (сарбанди Норак 310 метр) дар пасттарин ҷой ҳамагӣ 38 метр аз оби кўл болотар мебошад. Дарозии садди Усой (дарғот ё сарбанди табиӣ) 5 км, бар (пахноӣ ) 3,2 км, ҳаҷм 2,2 км мукааб, ё 6 млрд тонна сангу шағалу регу хок мебошад . Баландии ойинаи рўйи оби кўл аз сатҳи баҳр 3260 метр аст. Кўҳпораи ғалтида пеши рўди Шодуро низ гирифта қўли хурдтареро бо дарозии 3 км, паҳноии 800 метр ва чуқурии 250 метр ба вуҷуд оварда буд.
Қабули Қурбонбек ба дами пирӣ расида, вазифаашро ба писараш Ниёз таҳвил дод. Аз соли 1928 Ниёз пайрадории Сарезро ба зима гирифта, соли 1948 ҷойи хешро ба писараш Аёз месупорад. Аёз то соли 1978 касби бобояшро идома дода, расман сардории пойгоҳро ба зимма мегирад.
Сипас, Аёз вазифаи хешро ба Олим, ки маълумоти мукаммали обуҳавосанҷиро да Руссия касб карда буд ва ў ба Маска месупорад ва ў ба писари худ Қадам, ки низ мактаби махсуси ҳавошиносии мамлакатро хатм карда, мутахассиси соҳа мебошад, таҳвил медиҳад ва эшон дар панҷ насл пайрадорони бовафои «Нозанини хуфта», яъне кўли Сарез мебошанд. Пойгоҳи Йирх, ки бунёди онро бобои Қабул гузошта буд дар замони СССР яке аз машҳуртарин пойгоҳҳои обуҳавосанҷии мамлакат шўҳрат ёфта буд ва имрўз низ дар ин соҳа хидмати бузургеро бар зимма дорад.
МАЪЛУМОТ : Тибқи ҳисоби олимон дар сурати рух додани фоҷиа ва боз шудани оби кўл амвоҷи он дар рўдхонаи Бартанг бо баландии 90-100 метр,бо суръати аз 80 то 100 километр дар соат ҳаракат карда, ҳар литр оби он боз се килограмм хоку регро омехтаю зам карда, ба сели бузург табдил медиҳад. Иртифои мавҷи маҷрои ин селоб дар дарёбоди рўди Панҷ то Амударё ба 50 метр баланд шуда, то баҳри Арал на поинтар аз 8-10 метр, хоҳад расид ва онро лаболаб пуроб хоҳад намуд. Дар роҳи хеш шаҳру деҳот ва манзилҳои беш аз 6 миллион мардумрошустаю хароб ва ба ҷони онҳо таҳдид хоҳад кард.
Қадам Маскаев то кунун сардори ин пойгоҳи обухавосанҷӣ буда, масъулияти касби бобоиашро хеле хуб дарк ва эхсос мекунад. Бидуни иҷоза бегонаеро намегузорад, ки ба соҳили кўл наздик шаванд, ба оби он, ба мавҷудоти зиндаи атрофу дохили он зиён расонад. Охир ин кўл бо тамоми мафҳуми маънавияш кўли бобоҳои ўст…
Кўли Сарез, ки дар баландии 3260 метр аз сатҳи баҳр ба тўли 75 км, пахноии 3,5 км, ва умқи 505 метр мавзеъ гирифтааст, дорои бештар аз 17 млн мукааб оби софу ширин буда, бузургтарин захираи оби ошомиданӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин сарвати бебаҳои табиӣ, ин моли дар ояндаи наздик камёфти серхаридор, барои иқтисоди ояндаи Тоҷикистон захираи бузург буда, ниёзи миллионҳо танро дар минтиқа ба оби нўшокӣ бароварда хоҳад кард.
Навиштаи Сардор Раҳдоров
Аз саҳифаи Хилватшоҳи Маҳмуд дар Фейсбук