КОВИД-19 ва сӯхтор. Дар оташсӯзии бемористоне дар Руминия 10 мубтало ба коронавирус ба ҳалокат расиданд
Чоп шуд: 18/11/2020 | adminДар сӯхтори бемористоне дар шаҳри Пятра-Нямси Руминия, ки гирифторони коронавирус бистарианд, 10 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора Associated Press истинодан ба мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар дод. Дар хабар гуфта мешавд, ки даҳ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 7 тани онҳо ҳоли вазнин доранд. Аз зарар дидани як духтур ва ду ҳамшираи тиббӣ низ хабар дода шудааст.