ноября 2020

Covid-19: Шумори гирифторон ба 58 миллион наздик мешавад. Бори аввал дар Русия дар як шабонарӯз беш аз 24 ҳазор гирифтори нав ба КОВИД-19 сабт шудааст

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори умумии гириторон ба коронавирусро 57 миллиону 910 ҳазору 511 нафар эълон кард. Ин манбаъ гуфт, ки шабонарӯзи гузашта 175 ҳазору 988 нафари дигар чун мубтало сабт шуданд ва шумори фавтидагон дар 24 соати сипаришуда 4 ҳазору 499 нафар буд. Аз оғози ҳамагирӣ дар олам 1 миллиону 377 ҳазору 745 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ноҳияи Аштро як минтақаи осебпазир ба офатҳои табиӣ номид

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашти вилояти Суғд  бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид  ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.

Семинар – тренинг дар Раёсати Хатлон

Бо мақсади суръат бахшидан ба корҳои таблиғотиву тарбиявӣ дар байни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба тарзу усулҳои одитарини муҳофизат ва худмуҳофизаткунӣ ҳангоми ба амал омадани ҳамагуна ҳолатҳои  фавқулодда рӯзи 20 ноябри соли 2020 хизматчиёни ҳарбии Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории...

Дар Хоруғ бо донишҷӯн дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши зарар суҳбат карданд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ба омодасозии сокинон ба пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ва рафтори дуруст дар ҳоли рух додани офатҳои табиӣ идома медиҳанд.

Ин бор кормандони Раёсат барои донишҷӯёни Донишгоҳи...

Лавозимоти тиббии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус COVID-19 ва дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, 19 ноябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули лавозимоти тиббӣ, ки дафтари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ...

Covid-19: Чин марҳилаи сеюми санҷиши клиникии панҷ воксан аз коронавирусро, ки мутахассиони ин кишвар таҳия кардаанд, оғоз кардааст

Шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар олам аз марзи 57 (57 236 335) миллион гузашт. Дар шабонарӯзи гузашта боз 203 ҳазору 133 нафар мубтало ба коронавирус шуданд. Теъдоди фавтидагон дар олам ба 1 миллиону 365 ҳазору 634 нафар расид ва шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ 3 597 нафари дигар ҷон бохтанд.  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд дар айни замон 101 ҳазору 817 нафар мубталоён дар вазъи мушкил қарор доранд.

Соли нави 2021: Шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки имсол Соли нав бидуни арча хоҳад гузашт

Имсол дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба муносибати Соли нави мелодии 2021 ташкили арчаи солинавӣ, баргузории  барномаҳои  фарҳангӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар  чорабиниҳои оммавӣ манъ карда мешаванд. АМИТ «Ховар» истинодан ба  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дод, ки  чунин тасмим гирифтани  мақомоти иҷроияи ҳокимияти

Тамрини мудофиаи гражданӣ дар Нуробод

Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Нуробод ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар асоси иҷрои талаботи банди 4-и Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда рӯзҳои 17-18 ноябри соли ҷорӣ машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзўъи «Амали ҳайати

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам аз марзи 56,5 миллион гузашт. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз омода шудани тарҳи қариб 170 воксан хабар дод

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки шумори гирифторон ба вируси корона дар саросари олам ба 56 миллиону 563 ҳазору 840 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта 167 ҳазору 069 нафар сироят шудаву беш аз 3 ҳазор тан фавтидаанд. Аз оғози ҳамагирӣ дар дунё 1 миллиону 354 ҳазору 806 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки ҳамин лаҳзаҳо ...

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Тибқи банди 4 қарор (дастурҳои протоколӣ) -и Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2020 "Дар бораи ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва минтақаҳо" ва бо мақсади иҷрои қарорҳо , 18 ноябри соли 2020 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон...

Баргузории ҳама гуна чорабиниҳои солинавӣ дар Тоҷикистон манъ шуд

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 дар ҷаҳон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд.

Роҳандозии корҳои муҳофизатӣ ва тоза кардани каналҳо дар қитъаҳои хатарноки дарёи Кофарниҳон (ВИДЕО)

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат якҷо бо намояндагони ҳукумат, "ҶДММ Ёқут-2000" ва аҳолии маҳаллӣ дар деҳаҳо ва ҷамоатҳои атрофи шаҳр Ваҳдат корҳои муҳофизатӣ ва тоза кардани каналҳоро дар қитъаҳои хатарноки дарёи Кафарниҳон анҷом доданд.

Страницы