Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат якҷо бо намояндагони ҳукумат ва аҳолии маҳаллӣ дар деҳаҳо ва ҷамоатҳои атрофи шаҳр Ваҳдат корҳои муҳофизатӣ ва тоза кардани каналҳоро дар қитъаҳои хатарноки дарёи Кафарниҳон анҷом доданд.
Ҳамин тариқ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қаламрави шафати дарёи Кофарниҳон роҳандозӣ шуданд. Тадбирҳои пешгирикунанда дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо истифодаи таҷҳизоти махсуси Раёсати беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Ваҳдат бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ гузаронида шуданд.
Корҳо оид ба амиқтар кардан, мустаҳкам ва тоза намудани маҷрои дарё, таъмини кори бесадамаи иншооти гидротехникӣ, инчунин тоза кардани қубурҳо аз партовҳои як қатор ҷамоатҳои деҳоти шаҳр анҷом дода шуданд. Ҳамзамон, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар байни аҳолии маҳаллӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои мавсимӣ ва сироятии коронавирус корҳои таблиғотӣ анҷом доданд.
Ҳадафи аслии ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ дар мавриди ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хатари офатҳо мебошад.