Лавозимоти тиббии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус COVID-19 ва дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, 19 ноябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули лавозимоти тиббӣ, ки дафтари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ карда буд, баргузор гардид.

Ин кумакҳо иборат аз ду намуди дастпӯшҳои тиббӣ ва ниқобҳои истифода барои як бор буданд.

Ҳамаи инҳо барои пешгирӣ аз сирояти кормандон ва ҳайати шахсии Кумита ба коронавирус истифода хоҳанд шуд.

барчасп: