Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки шумори гирифторон ба вируси корона дар саросари олам ба 56 миллиону 563 ҳазору 840 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта 167 ҳазору 069 нафар сироят шудаву беш аз 3 ҳазор тан фавтидаанд. Аз оғози ҳамагирӣ дар дунё 1 миллиону 354 ҳазору 806 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки ҳамин лаҳзаҳо дар олам 101 ҳазору 458 гирифтори коронавирус ҳоли вахим доранд.
Шоми гузашта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки шумори умумии мубталоён ба КОВИД-19 дар кишвар ба 11 ҳазору 731 нафар расидааст. Аз миён 86 нафар аз ин бемории махуф ҷон бохтаанд.
Воксани таҷрибавӣ аз коронавирус, ки ширкати олмонии дорусозии BioNTech ва шарики амрикоии он Pfizer сохтаанд, эҳтимолан моҳи декабри соли равон мақомоти танзимгари ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо тасдиқ ва роҳро барои истифода боз кунанд.
Кормандони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва таҳиягарони русиягии воксани "Спутник V" барои арзёбии он муколама доранд. То охири соли 2021 қарор аст то 2 миллиард одамони сайёра бо ин воксан эм карда шаванд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран эълон кард, ки то кунун дар саросари олам наздик ба 170 тарҳи сохтани воксани зидди КОВИД-19 омода аст.
Аврупо ҳамоно як маркази аслии густариши коронавирус боқӣ мондааст. 46% сироятҳои нав ва 49% маргумир бар асари коронавирус маҳз дар ҳамин қитъаи олам иттифоқ афтодааст. Ҳафтаи гузашта маргумир аз КОВИД-19 дар Аврупо назар ба як ҳафтаи пеш 18% афзудааст.
Вазъ бахусус дар Италия хеле нигаронкунанда аст. Дар як шабонарӯз дар ин кишвар 753 нафар аз сироят ба ин вирус ҷон бохтанд.
Ҳукумати Фаронса ба қароре омад, ки ҳоло маҳдудиятҳои ҷоришуда дар таърихи 30-октябрро лағв накунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки доираҳои тиҷоратии ин кишвар фишор меоранд, ки 27 ноябри соли равон мағозаҳоро боз кунанд.
Шабонарӯзи гузашта сироят ба коронавирус дар Ҷопон ба ҳадди рекордии худ (1722 нафар) аз замони пандемия расид.
Шумори фавтидагон аз коронавирус КОВИД-19 дар Чили ба 15 ҳазор нафар наздик шудааст. Вазорати тандурустии Чили гуфтааст, ки ба онҳо ин имкон даст дод, ки шумори тестҳоро афзоиш диҳанд.
Дар Гурҷистон шабонарӯзи гузашта 3443 гирифтори навро ошкор карданд. Аз замони ҳамагирӣ дар ин кишвар 815 нафар ҷон бохтанд, ки 37 нафари онҳо зарфи 24 соати охир буд.
Шабонарӯзи гузашта дар 85 минтақаи Русия 20 985 сироятшудаи навро ба қайд гирифтанд, ки 24,3 дарсади онҳо аломати КОВИД-19 надоштанд. Дар 24 соати охир дар шаҳрҳои Москав – 4174 (1700 нафар бештар аз шабе пеш), Санкт-Петербург (2215), Подмосковйе (864), Нижегород (432), Свердлов (358) ва вилояти Архангелск (339), кишвари Красноярс (335) мубталоёни нав сабт шуданд.
Дар Қазоқистон дар як шабонарӯз 682 нафар ба Covid-19 мубтало шуданд, шумори умумии сироятшудагон ба КОВИД-19 ба 122 335 расидааст.
Дар Тоҷикистон баргузории ҳама гуна тадорукоти солинавӣ манъ шуд. МУФАССАЛТАР ИН ҶОСТ: Баргузории ҳама гуна чорабиниҳои солинавӣ дар Тоҷикистон манъ шуд