Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Нуробод ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар асоси иҷрои талаботи банди 4-и Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда рӯзҳои 17-18 ноябри соли ҷорӣ машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзўъи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи вазифавӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ» гузаронида шуд.
Чорабинии мазкур тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда шуда, дар он афсарони масъули Кумита, ҳайати роҳбарикунадаи хадамотҳо, аъзои зернизоми ҳудудии низоми ягона, комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва иншоотҳои иқтисодии ноҳия фаъолона иштирок намуданд
Т. Назаров, сардори бахш, подполковник