Семинар – тренинг дар Раёсати Хатлон

Бо мақсади суръат бахшидан ба корҳои таблиғотиву тарбиявӣ дар байни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба тарзу усулҳои одитарини муҳофизат ва худмуҳофизаткунӣ ҳангоми ба амал омадани ҳамагуна ҳолатҳои  фавқулодда рӯзи 20 ноябри соли 2020 хизматчиёни ҳарбии Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он бо иштироки намояндагони бахши Агентии Оғохон оид ба Макони зист ва подполковник Гадоев М. - намояндаи Маркази таълимию – методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  семинар – тренинг  гузаронида  шуд.

Ҳадафи роҳандозии ин гуна чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои сокинон дар мавриди ҳолатҳои фавқулода ва омӯзиш додани онҳо ҷиҳати пешгирӣ аз рухдодҳои нохуш мебошад.

Зимнан, дар ин омӯзишҳо ҳамчунин дар бораи пешгирӣ аз сироят ба коронавирус КОВИД-19, риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ муфассал сухан рафт.

М.Муйдинов