Дар сӯхтори бемористоне дар шаҳри Пятра-Нямси Руминия, ки гирифторони коронавирус бистарианд, 10 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора Associated Press истинодан ба мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар дод. Дар хабар гуфта мешавд, ки даҳ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 7 тани онҳо ҳоли вазнин доранд. Аз зарар дидани як духтур ва ду ҳамшираи тиббӣ низ хабар дода шудааст.
Вазорати тандурустии Руминия гуфтааст, ки ин сӯхтор бар асари расиши ноқилҳо рух додааст. Додситонии кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Гуфта мешавад, ки сардухтури ин бемористон Лучиан Мику ҳамагӣ се ҳафта пештар таъин шуда будааст ва сардухтури пешин ба ҷурми муносибати дағал бо беморону корафтодагон сабукдуш шудааст.
Баҳори соли ҷорӣ дар бемористоне воқеъ дар шаҳри Москави Русия низ ҳамин гуна сӯхтор рух дода буд ва бар асари он ду нафар ҷон бохтанд. Дар сӯхтори ба ин монанд дар бемористоне воқеъ дар Санк-Петербург низ панҷ беморе, ки дар дастгоҳи нафас пайваст буданд, ҷони худро аз даст доданд.