Вориди шаҳр шуда, аҳдшиканона Монтесум ва атрофиёнашро ба асорат гирифт ва аз номи вай фармонҳо содир мекард. Аммо ҳиндуҳо ба зудӣ худро ба даст гирифтанд ва испониҳоро дар Теночтитлан муҳосира карданд. Ногузир шуданд шаҳрро вогузоранд ва ба соҳил ақиб нишинанд. Пеш аз он ки онҳо ақибнишинӣ кунанд, Монтесума вафот кард ва ё испониҳо ӯро куштанд. Ҳангоми ақибнишинӣ Кортес торумор шуд ва бештар ғаниматҳои худро аз даст дод. Он “шаби пурандӯҳ” сарбозони зиёде ба ҳалокат расиданд. Танҳо кумаки ҳиндувон аз Тласкала дастаҳои Кортесро аз нобудии сартосарӣ нигоҳ дошт.
*** *** ***
Дар тӯли ду даҳсолаи аввал баъди кашфи Амрико испониҳо аз амалҳои ғоратгаронаи худ дар ҷазираҳои баҳри Кариб комилан розӣ буданд. Шино дар имтидоди соҳилҳои Кариб ба хотири ҷустуҷӯи гулӯгоҳе роҳандозӣ мешуд, ки аз тариқи он тавонанд ба мамолики Шарқ расанд. Бо ҳамин мақсад солҳои 1508-1509 ҳамсафари хастанопазири Колумб Висенте Яейес Пинсон ва дарёнаварди дигари пуртаҷриба Хуанн Диас Солис аввал ба маконе худро расонданд, ки Колумб дар сафари чорумаш расида буд ва сипас аз ҷо ба самти дигар ҳаракат карданд. Онҳо аз ниҷазираи Юкатан гузашта, қадоқади соҳилҳои Мексика қариб то минтақаи ҳорраи Шимол расиданд ва беш аз 2700 км хати нави соҳилро кашф карданд ва баъдан қафо гаштанд. Пинсон ва Солис дар ҷустуҷӯи гулӯгоҳ дар марзҳое, ки ба тозагӣ кашф карда буданд, аслан ба макони будубоши сокинони он - қабилаҳои майя ва астекҳо таваҷҷуҳ накарданд.
Франсиско Эрнндес де Кордоба-
конкистадори испонӣ.
Соли 1517 Франсиско Эрнандес де Кордоба бо се киштӣ дар имтидоди соҳилҳои шимоливу ғарбии Юкатан ҳаракат кард. Вай талош намуд ба соҳил фуруд ояд, вале дар бархӯрд бо ҳиндуҳо одамони зиёдеро талаф дод ва ноилоҷ пас гашт. Вале зару зевар ва тиллое, ки аз ин сафари баҳрӣ овард, маллоҳонро рӯҳбаланд кард ва аллакай соле пас экспедитсияи нав таҳти роҳбарии Хуан де Грихалва ташкил шуд.
Ҳиндуҳои назди соҳил ба испониҳо дар бораи кишваре дар ғарб нақл карданд, ки дар он тилло ниҳоят зиёд аст ва ҳангоми сӯҳбат чандин маротиба калима “Мехико”-ро ба забон оварданд. Ҳангоми сафар ба он самт испониҳо боре тӯдаи ҳиндуҳоро диданд, ки парчами сафед доштанд. Онҳо фиристодаҳои сарвари олимартабаи қабилаи қудратманди астекҳо Мотекусома Шокойосина (Motecuzoma Xocoyotzin, исп. Moctezuma Xocoyotzin) буданд, ки испониҳо баъдтар ӯро Монтесума номиданд.
Астекҳо аз қабилаҳои пешрафтаи ҳиндуҳои Амрикои он замон буда, шаҳре, ки бунёд намуда буданд, пешрафтатарин шаҳр дар қора маҳсуб мешуд. Фарҳанги пурравнақ ва рӯ ба тавсеъа дар ин кишвар ба роҳ уфтод ва тамаддуни астекҳо ба қабилаҳои дигар дар саросари Мексика таъсир кард. Ҷазираи хурде, ки Теночтитлан дар он бунёд шуда буд, ҳар рӯз бузургтару бузургтар мешуд, то ин ки табдил ба калонтарин ва қудратмандтарин шаҳр дар Амрикои Марказӣ шуд. Масирҳои тиҷорӣ, ки колоҳоро аз халиҷи Мексика ба ин макон меоварданд, ҳамчунин аз уқёнуси Ором ва ҳатто ба назар мерасад аз империяи Инкҳо мерасид.
Монтесума чун донист, ки бегонагон дар ҷустуҷӯи тилло гом мезананд, ба зердастонаш амр кард, ки онро ба ивази молҳои он сӯи баҳр ба испониҳо диҳанд ва ҳамзамон суол кунанд, ки онҳо чаро омадаанд ва куҷо равонанд. Дар ин сафар испониҳо бори аввал савмаъаҳои бузурги астекҳоро диданд ва шоҳиди қурбоникунии онҳо шуданд.
Эрнан Кортес.
Миқдори тиллое, ки Грихалва овард, беш аз ҳадди интизор буд ва дар миёни конкистадорҳо мавҷи шодиву фараҳ ва ташаббусҳо ба сафарҳои баҳриро ба миён овард. Губернатори Куба Диего де Веласкес ба сафари дохилтари Мексика омодагӣ гирифт ва сарварии онро ба котиби худ, идалғо аз Эстремадура Эрнан Кортес супурд. Баъдҳо Веласкес аз ин тасмимаш даст кашид, вале Кортес дигар ба вай итоат накард ва 10 феврали соли 1519 худсарона ба самти Мексика шино намуд.
21-уми апрел испониҳо ба соҳили Мексика дар наздикии ҷазираи Сан-Хуан-де-Улоа фуруд омаданд. Дар ин ҷо онҳо барои худ такягоҳ – шаҳри Веракрусро бо як қалъа бунёд намуданд. Ба ин ҷо сафирони Монтесума омаданд ва ба Кортес барои шоҳи Испания миқдори азими ҷавоҳирот: ду зарфи бузурги сохташуда аз тилло ва нуқра, ки тасвири Офтобу Моҳ, юз ва маймунҳо, овезаҳо, қоши тилло, ҳалқаҳо ва дигар ашёи аз тиллои холис сохташударо ҳадя карданд. Дар ин ашё бори аввал аврупоиён бо санъату тамаддуни волои ин қабилаи соҳибтамаддун ошно шуданд. Кортес сафирони Монтесумаро бовар кунонд, ки аз номи шоҳи Испания ба сарвари аскетҳо паём дорад. Монтесума хеле андешид ва билохира испониҳоро ба пойтахташ шаҳри Теночтитлан (Мехико) роҳ дод. 16 августи соли 1519 Кортес ба шимолу ғарб ҳаракат кард. Ин аввалин сафари конкистадорони испонӣ ба дохили қора буд. Барои он ки тарсуҳо пас нагарданд ва роҳи бозгашту фирор надошта бошанд, Кортес фармон дод, ки ҳама киштиҳоеро, ки дар бандар истодаанд, дар об ғарқ созанд (тибқи гузоришҳои дигар киштиҳоро сӯзонданд). Киштии ягона боқимонда ба шоҳи Испания ҳадяҳои Монтесумаро бурд. Дастаи Кортес, ки иборат аз 400 пиёдагард ва 15 квалерист бо 6 силоҳ буд, ба пурқудраттарин қабилаи Амрико ситеза кард. Аммо испониҳо бештар ба қабилаҳои зертобеъи аскетҳо такя мекарданд, ки сарвари онҳо Монтесумаро чашми дидан надоштанд.
Қисмати бозмондаи Теночтитлан.
8 ноябри соли 1519 испониҳо тантанавор вориди Теночтитлан шуданд. Бузургӣ ва зебогии шаҳре, ки дар ҷазирае миёни кӯли калон ҷойгир шуда буд, онҳоро шигифтзада кард ва ин саҳфаҳои румонҳои дӯстдоштаи онҳо дар бораи ритсаронро ба ёд меовард. “Мо ба мушкил аз миёни анбӯҳи одамон ба худ роҳ мекушодем, - ба ёд меовард собиқадори истилои Мексика, сарбози қаторӣ Бернал Диас дел Кастило.- Мо ба чашмони худ бовар намекардем. Аз сӯе дар хушкӣ як силсила шаҳрҳои калон, дар кӯл шаҳрҳои дигар ва худи кӯл пур аз киштӣ ва дар сарбанд пулҳои зиёде, ки аз болои каналҳо убур мекнунад. Дар рӯ ба рӯи мо шаҳри бузурги Мехико қарор дошт ва мо ҳамагӣ чаҳорсад сарбоз!”
Кортес киштиҳои худро месӯзонад, то роҳи ақибнишинӣ боқӣ намонад.
Вориди шаҳр шуда, аҳдшиканона Монтесум ва атрофиёнашро ба асорат гирифт ва аз номи вай фармонҳо содир мекард. Аммо ҳиндуҳо ба зудӣ худро ба даст гирифтанд ва испониҳоро дар Теночтитлан муҳосира карданд. Ногузир шуданд шаҳрро вогузоранд ва ба соҳил ақиб нишинанд. Пеш аз он ки онҳо ақибнишинӣ кунанд, Монтесума вафот кард ва ё испониҳо ӯро куштанд. Ҳангоми ақибнишинӣ Кортес торумор шуд ва бештар ғаниматҳои худро аз даст дод. Он “шаби пурандӯҳ” сарбозони зиёде ба ҳалокат расиданд. Танҳо кумаки ҳиндувон аз Тласкала дастаҳои Кортесро аз нобудии сартосарӣ нигоҳ дошт.
Кортес дар ин миён дастаи худро мукаммал кард, бо силоҳ муҷаҳҳаз намуд ва бо ёрии 10 ҳазор муттаҳидон аз ҳиндуҳо соли 1521 ҳамлаи нав ба Теночтитланро оғоз намуд. Муҳофизати шаҳрро сарвари нави астекҳо, Куаутемоки ҷавон (охирин сарвари астекҳо аз сулолаи Акамапичтли, бародарзодаиМонтесуми II, ки духтари ӯ Течуишпоро ба занӣ гирифта буд), ки таҷрибаи хуби кори ҳарбӣ дошт ва ҷасораташ беҳамто, ба ӯҳда гирифт. Пойтахте, ки аз ҳар ҷониб муҳосира шуда буд, беш аз се моҳ худро муҳофизат кард. Танҳо гуруснагиву қаҳтӣ миёни дар муҳосирамондагон ба испониҳо имкон дод, ки ба шаҳр зада дароянд. Мексика бо зарби силоҳи оташфишон ва шамшер забт шуд. Садҳо тан куштаву мурда аз бемадориву гуруснагӣ, бемориҳои сироятӣ, ки конкистадорон оварда буданд. Ҳамин буд манзараи баъди фатҳи ин шаҳр.
Теночтитлан. Расми Роберто Куева дел Рио.
Худи Кортес ҷасорати мардонагии зиёд нишон дод ва аз худ чун як сарвари низомӣ ва дипломати пухтакор дарак дод. Аз сӯи дигар золимӣ, сангдилӣ, дурӯягӣ ва аҳдшиканӣ ҳам хоси ин истилогар буд. Кофист аз сарнавишти худи савари ҷавон Куаутемок ҳарф зад, то паймоншикан будани Кортес исбот шавад. Вай ба ӯ шахсан амнияту бехатарӣ ва ҳаёти озод ваъда кард, вале чун ба асораташ уфтод, шиканҷа кард ва соли 1525 ба қатл расонд.
Баъди фатҳи Теночтитлан Кортес ва ҳамроҳонаш як силсила маконҳои атрофи соҳилҳои аскетҳоро ҳам ба даст оварданд. Онҳо тақрибан ҳамаи қаламрави Мексика, Гватемала ва Гондурасро фатҳ карданд. Аз нуқтаи назари муҳимият дар ин азхудкуниҳо ва кушоишҳои географӣ сафари баҳрии Франсиско де Улоа буд, ки солҳои 1539—1540 сурат гирифт ва ӯ бо се киштӣ аз Акапулко ба самти шимолу ғарб ҳаракат кард ва қуллаи халиҷи Калифорния ва резишгоҳи дарёи Колорадоро ба даст овард ва баъдан ҳамаи қаламрави нимҷазираи Калифорнияро, ки пештар ҷазира гуфта мешуд, гузашт.
Дар муддати 20 сол зиёдтар аз ҳама ба конкистадорони испонӣ ҳиндуҳои қабилаи майя дар Юкатан муқовимат карданд. Худи табиат ин маконро аз истилои испониҳо басо боэътимод ҳимоят мекард. Аммо яке аз давлатҳои майя Тайясал (дар ноҳияи кӯли Петен-Итса дар шимоли Гватемала) баҳри озодии худ то охири асри ХVII талош намуд ва давлатдории худро ҳифз кард. Танҳо соли 1697 охирин давлати мустақили ҳиндуҳои Амрикои Марказӣ ба мавҷудияти худ хотима дод.
Таҳияи Б.Шафеъ
МАТОЛИБИ ДИГАР ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ:
Саҳифаи нав: Қиссаҳои ҷуғрофӣ
Аввалин русиёӣ дар Ҳинд. Афанасий Никитин кӣ буд?
Давраи кушоишҳои бузург, яъне чӣ? Бахши аввал
Давраи кушоишҳои бузург, яъне чӣ? Бахши дуюм
Португалиҳо дар роҳ ба сӯи Ҳинд. Аз Ҳенрӣ Дарёнавард то Васко да Гама. Бахши аввал
Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Португалиҳо дар роҳ ба сӯи Ҳинд. Аз Ҳенрӣ Дарёнавард то Васко да Гама. Бахши дуюм
Фоҷеаи Колумб - дарёнавард ва кишваркушои машҳур, адмирали баҳру уқёнус. Бахши аввал
Фоҷеаи Колумб - дарёнавард ва кишваркушои машҳур, адмирали баҳру уқёнус. Бахши дуюм
Фоҷеаи Колумб - дарёнавард ва кишваркушои машҳур, адмирали баҳру уқёнус. Анҷом
Фарҷоми фоҷеабори кашшофи уқёнуси Ором. Васко Нунйес де Балбоа (1475-1517)