Эҳтиёт аз кӯрдуди ҳезуму дами ангишт! Як сокини деҳаи Қашоти ноҳияи Лахш аз беэҳтиётӣ ҷон бохт

Бино ба гузориши бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рашт рӯзи 15 ноябри соли 2020 ду бародар аз деҳаи Қашоти Ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш бо мақсади дарёфти тилло аз рӯди “Муксу”, воқеъ дар рустои Қандоб ба мавзеъи “Хуҷаи тавоф” рафта буданд.

Субҳи дигар дар дохили хайма яке аз бародаронро, ки 32 сол дошт, мурда пайдо карданд. Ҳамроҳонаш мегӯянд эҳтимолан ӯ аз гази лахчаи алов дар хайма фавтидааст.

Вазъи саломатии бародари дигар дар айни замон хуб аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки дар фасли сард, ки ҳатман сокинон аз ангишт ва дигар маводҳои сӯхт истифода мекунанд, хеле эҳтиёткор бошанд. Бахусус агар шумо ангишт месӯзед, бояд барои берун рафтани гази он қоидаҳои бехатариро ҷиддина риоя кунед.

Дарҳои комил пӯшида ва хаймаҳои бе ҳавогузар метавонанд сабабгори фоҷеаҳо шаванд. Ҷони худро эҳтиёт кунед ва пайвандонатонро дар ғаму кулфат нагузоред!

барчасп: