Ҳамчуноне гуфтем, дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ таҷлил шуд. Аз ҷумла, дар толори маҷлисгоҳи Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд вобаста ба нақшу хидматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи кишвар ва 28-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.
Муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, полковник Ширинҷон Собирзода дар суханронии худ аз таърихи гузашта ёдоварӣ кард ва гуфт, ки 16-уми ноябри 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти муҳими давлатдориро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма гирифтанд. Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Полковник Ширинҷон Собирзода зикр намуд, ки таърих исбот кардааст, ки дар ҳама давру замон Сарвар ва Пешвои дурандеш, пеш аз ҳама, ба ду омили аслии рушди ояндаи миллат – таълиму тарбия ва ҳифзи солимиву осоиштагии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ба мардуми шарифи мо чун рӯз равшан аст, ки Сарвари хирадманди мо ба ин ду соҳаи ҳаётан муҳим дар бештари баромадҳову мулоқотҳояшон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва ҷиҳати беҳтарсозии ин бахшҳо пайваста иқдомоти муассир меандешанд. Барномаҳои рушде, ки таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат қабул ва амалӣ шуданд, роҳи Тоҷикистонро беш аз пеш ба сӯи ояндаи дурахшон рушантар карданду мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, пойдории сулҳу амният ва суботи ҳамешагӣ дар кишвар нақши калидӣ доранд. Имрӯз боиси ифтихор аст, ки кишвари мо аз сол ба соли дигар рушд мекунад, тараққӣ меёбад ва рӯзгори мардум беҳ мешавад. Муҳимтар аз ҳама омили аслии рушди ҳамешагӣ ва сарсабзӣ суботу амният аст, ки мо аз он бархӯрдорем.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Раёсати Кумита дар вилояти Суғд рӯзе қабл ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон рӯзи покиву ободонӣ баргузор шуд ва кормандон дар рӯзи истироҳат ҷиҳати саҳм гузоштан ба корҳои ободонӣ дар ҳудуд, гирду атрофи бинои Раёсат ва боғи навбунёди Раёсат зери дарахтони сояфкану ороишию мевадиҳанда аз партову хазонҳо ва аз алафҳои бегона тоза карда, корҳои ободкориву созандагиро ба роҳ монданд.
Ҳамин гуна чорабинӣ дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ВМКБ низ доир гардид.
Шаҳзода Нуриддинзода,
Озод Фахриддинзода.