Субҳи имрӯз, 16 ноябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳайати шахсӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни суханронии худ Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода хидматҳо ва нақши Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварро махсусан қайд кард. Сарвари идораи наҷоти кишвар саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули давлатдории тоҷикон, таҳкими истиқлолияти миллӣ таъкид кард ва аз ҷонбозиҳову аз худгазаштанҳои Сарвари давлати тоҷикон барои расиданд ба сулҳи фарогир, хатми ҷанги хонумонсӯз ва бақои кишвару ҳифзи тамомияти арзии он ҳикоят кард. Генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз ҷумла қайд кард, ки тамоми муваффақиятҳо ва дастовардҳое, ки кишвар ба он соҳиб шудааст, рушд кардааст, натиҷаи кор ва ташаббуси Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
«Маҳз иродаи шикастнопазири Пешвои миллат асос шуд, ки хавфи нобудшавии миллат пешгирӣ карда шуд ва давлате бо номи Тоҷикистон аз хатари нобудӣ ҳифз гардид. Пайдоиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии олам чун як кишвари соҳибистиқлол бо номи Эмомалӣ Раҳмон сахт алоқаманд аст», - зикр намуд ӯ.
Дар ҷаласаи тантанавӣ кормандон инчунин дар бораи хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд, сарбозони қисмҳои ҳарбии Кумита, ки дар ин ҷаласа ҳузур доштанд, дар бораи Пешвои муаззами миллат шеърҳо қироат намуданд ва маҳорати худро дар навохтани созҳои халқӣ намоиш доданд.
Дар поёни ҷамъомади тантанавӣ ба кормандоне, ки дар ҷараёни кор хисматҳои шоиставу арзанда карданд, ифтихорномаҳо супурда шуданд.
Чунин чорабиниҳо дар тамоми зерсохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва қисмҳои низомии Кумита, аз ҷумла дар Раёсатҳои Суғд, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ баргузор шуданд.