Covid-19: Шумори гирифторон дар олам ба 54 миллион наздик мешавад. Дар Тоҷикистон 11 496 нафар мубталои ин беморӣ шудаанд

Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба Covid-19 дар олам ба 53 миллиону 768 ҳазору 560 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта боз 180 ҳазору 656 нафар сироят шудаанд. Бар асари ин беморӣ шабонарӯзи гузашта дар олам 2 949 нафар ва аз аввали пандемия 1 миллиону 309 ҳазору 752 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки то кунун 37 миллиону 535 ҳазору 719 нафар ҷон ба саломат бурда ва ин шабу рӯз ҳоли 109 ҳазору 559 нафар вазнин аст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз 11 496 нафар ба КОВИД-19 сироят шуда, аз ин беморӣ 84 нафар ҷон бохтаанд.   

Вазъи маҳдуд кардани сироят ба коронавирус дар Аврупо дилгармкунанда нест. Ҳукуматҳои якчанд кишвари Аврупо рӯзи ҷумъа ба шаҳрвандон ҳушдор доданд, ки ба нақша гирифтани ҷашнҳои солинавӣ ҳанӯз барвақт аст, маҳдудиятҳо барои сафарҳо то охири моҳи декабр боқӣ мондаанд. Дар ин бора мақомоти Шветсия, Ирландия ва Фаронса хабар доданд. Дар як қатор кишварҳои Аврупо ҳукуматҳо чораҳои карантинро шадидтар мекунанд.

Дар Италия шабонарӯзи супаришуда ҳадди рекордии сирояти нав ба коронавирус ба қайд гиифта шуд. Дар ин 24 соати гузашта мақомот 40 ҳазору 02 нафар мубталои навро ба қайд гирифтанд. То кунун дар ин кишвар аз коронавирус 44 139 нафар фавтидаанд. 

Вазъ дар ИМА рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Иёлоти Калифорния баъди Техас дуюмин минтақа дар ин кишвар аст, ки дар остонаи миллион сироятшуда қарор дорад.  

Рӯзи панҷшанбе хабар дода шуд, ки футболбози машҳури мисрӣ, сарвар ва ҳамлакунандаи дастаи “Ливерпул” Салоҳ мубтало ба коронавирус шудааст. 

Украина аз сабти номи 11 787 мубталои нав ба КОВИД-19 дар як шабонарӯз хабар дод.

Дар Ироқ шумори сироятшудагон ба коронавирус ба 515 ҳазор нафар наздик шудааст ва аз ин беморӣ дар ин кишвар 11 580 нафар ҷон бохтаанд.

Зарфи як шабонарӯз дар Русия боз 21 983 нафар чун гирифтори нав ба қайд гирифта шуданд ва ин панҷумин бор аст, ки шумори мубталоён дар як шабонарӯз аз 21 ҳазор мегузарад. Русия дар шумори сироятёфтагон ба коронавирус дар олам дар ҷойи панҷум қарор дорад. 

Дар Қазоқистон дар 24 соати гузашта 638 ва дар Қирғизистон 567 нафар мубталоёни нав сатб шуданд. Дар Қирғизистон то кунун аз ин беморӣ 1 195 нафар фавтидаанд.  

Дар Ӯзбекистон теъдоди умумии сироятшдагон ба коронавирус ба 69 754 (+194) нафар расида, аз COVID-19 594 нафар ба ҳалокат расидаанд.