сентября 2020

Суханронии Пешвои миллат ба муносибати 5500 - солагии Саразм

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Бо камоли ифтихор тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостониро, ки на танҳо зодгоҳи саромади шеъру адаби тоҷику форс - Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки яке аз оғозгоҳҳои таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик мебошад,

Садамаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Кӯлоб. Ронанда ба бемористон интиқол ёфт. Як сокини 24-солаи шаҳри Хоруғ дар дарёи Ғунд ғарқ шуд

Душанбе-Кулоб

Ин ҳодиса субҳи бармаҳали рӯзи 11-уми сентябри соли равон, соати 6:00 дар километри 48-уми шоҳроҳи Душанбе-Кулоб, дар қаламрави деҳаи Гули Сурхи шаҳри Норак рух додааст. Як мошини борркаши ДУЛАН, ки аз ҷониби сокини шаҳри Душанбе идора мешуд, ба садама дучор шудааст. Сабаби ин садама нуқсони техникӣ дар мошин эълон шудааст.
Ба чои ҳодиса наҷотдиҳандагони хадамоти ҳарбии наҷоти

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба корҳои таблиғотии пешгирии густариши коронавирус идома медиҳад

Дар доираи татбиқи "Нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зидди эпидемӣ дар пандемияи COVID-19", инчунин бо мақсади пурзӯр намудани пешгирии хавфи паҳншавии сирояти коронавирус (COVID-19) ва таъмини беҳбуди санитарию эпидемиологии аҳолӣ, кормандони КҲФ ба корҳои таблиғотӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, кӯдакистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна, инчунин дар ҷойҳои

"Илм ба одамон бовар намекунад”: Суолҳо ба мақолаи маҷаллаи Lancet дар бораи воксани зидди коронавируси Русия аз куҷо пайдо шуданд?

Идораи маъруфтарин маҷаллаи тиббӣ Lancet, ки як ҳафта қабл натиҷаи як санҷиши клиникии воксани русӣ зидди КОВИД-19-ро дар шакли мақолаи илмии таҳлилӣ интишор дод, нома дарёфт, кард, ки муаллифон ба маълумоти ироашуда шубҳа мекарданд. Ин мақола дар зеҳни профессори биологияи Донишгоҳи амрикоии Темпл Энрико Буччи суолоти зиёди муаммобарангезро эҷод кардааст.

Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар воҳидҳои сохтории КҲФ. Тантанаҳои идона дар раёсатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ

Дар воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои танатанавӣ баргузор шуданд.

Чунончӣ, 8 сентябри соли 2020 дар раёсатҳои КҲФ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҷаласаҳои

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Чоҳи сархӯр. Се нафар аз таъмиргарони муҳаррики обкаши чоҳ ба он сарозер шуданд. Мутаассифона касе аз онҳо зинда намонд

Ин ҳодисаи мудҳиш шоми дирӯз, 7-уми сентябр дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода рух дод. Се нафар сокинони ин деҳа, ки аз 63 то 32 сол доштанд, ҳангоми таъмири муҳаррики обкаши чоҳи деҳа сарозер ва ба умқи 18-19 метр фурӯ рафтанд. Сабаби ҳодиса беэҳтиётӣ ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми таъмири муҳаррик унвон шудааст.
Дар баробари расидани хабар дастаи наҷоти Кумитаи

Медал ва ифтихорномаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тақдим шуданд

Имрӯз, 7-уми сентябри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба муносибати  пурра сохта, ба истифода додани хонаҳои истиқоматии шаҳрвандоне, ки аз офатҳои табиӣ зарар дида буданд, аз номи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси ноҳияи Хуросон медали “25 - солагии таъсисиёбии Кумитаи ҳолатҳои...

Мо ва коронавирус. Оё муолиҷашудагон дубора сироят мешаванд? Илм посухи ин суолро надодааст. Пас эҳтиёт бояд кард

Аз охири ҳафтаи гузашта як хабари зоҳиран фейкӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сайр мекунад. Хабари ҳушдордиҳанда, хабаре, ки аз ҳамагон даъват мекунад дар мавриди КОВИД-19 хушбовар набошанд. Асли хабар ин аст: “Чи гунае ки хабар расид. Шахсоне ки ба каронавирус гирифтор шуданд ва шифо ёфтанд имконияти боз ба ин бемони гирифтор шуданашон вучуд дорад ва ин маротиба нисбатан чиддитар ин вирус ба

Ҷасади ронандаи “Мерседес Бенс” , ки 18 август бо 4 мусофир сарозер шуда буд, пайдо шуд. Ҷустуҷӯи дигарон идома дорад

Шоми дирӯз, 6-уми сентябр, соати 19:10 дақиқа наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади ронандаи 57-солаи мошини “Мерседес Бенс”-ро дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пайдо ва ба хешовандонаш супурданд.

Ин мошин рӯзи 18-уми августи соли равон бо чор мусофираш

Наҷоти зане, ки даст ба худкушӣ зада буд

Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як зани 49-солаеро, ки қасди худкушӣ дошт, аз марг наҷот доданд. Ин зан шаби 6-уми сентябри соли равон, соати 00:30 дақиқа аз пули маҳалли 103-уми шаҳри Душанбе мехост худро сарозер кунад.
Баъди дарёфти хабар ҳайати гурӯҳи 1-уми Дастаи махсуси

Ду корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо медалҳои “Ҷасорат” ва “Хизмати шоиста” сарфароз шуданд

Дар остонаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори дигар намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду нафари дигар аз ҷумлаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Имрӯз, 4-уми сентябр Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,

Страницы