Ин ҳодисаи мудҳиш шоми дирӯз, 7-уми сентябр дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода рух дод. Се нафар сокинони ин деҳа, ки аз 63 то 32 сол доштанд, ҳангоми таъмири муҳаррики обкаши чоҳи деҳа сарозер ва ба умқи 18-19 метр фурӯ рафтанд. Сабаби ҳодиса беэҳтиётӣ ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми таъмири муҳаррик унвон шудааст.
Дар баробари расидани хабар дастаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд. Яке аз ин се нафар – Амрулло Хуҷамови 62-соларо афсарои шуъбаи Кумита дар шаҳри Турсунзода зинда аз дохили чоҳ берун оварданд, вале мутаассифона, дар бемористони шаҳрӣ аз ҷароҳатҳои вазнин ҷон ба ҷонофаринаш супурд.
Дастаи шашнафараи наҷоти Кумита то соати 20:45 дақиқа ҷасади фавтидагони дигарро ҳам аз чоҳ берун овард ва ба беморхонаи шаҳрии Турсунзода интиқол дод.
Исми ин се нафар:
Хуҷамов Амрулло, соли таваллудаш 1958;
Хуҷамов Мурод, соли таваллудаш 1988
Содиқов Комил соли таваллудаш 1957 ва ҳарсе сокинони ҳамин деҳа ва аз насабашон пайдост, ки ду нафар узви як оилаанд.