Ин ҳодиса субҳи бармаҳали рӯзи 11-уми сентябри соли равон, соати 6:00 дар километри 48-уми шоҳроҳи Душанбе-Кулоб, дар қаламрави деҳаи Гули Сурхи шаҳри Норак рух додааст. Як мошини борркаши ДУЛАН, ки аз ҷониби сокини шаҳри Душанбе идора мешуд, ба садама дучор шудааст. Сабаби ин садама нуқсони техникӣ дар мошин эълон шудааст.
Ба чои ҳодиса наҷотдиҳандагони хадамоти ҳарбии наҷоти куҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак дар ҳайати 4-нафар сафарбар шуданд.
Онҳо бо талоши зиёд ронандаро солим аз мошин берун овраданд ва ба бемористони шаҳри Норак интиқол доданд.
Ҳамчунин дирӯз, соати тахминан 16:10 дақиқа як сокини 24-солаи маҳалаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ҳангоми оббозӣ дар дарёи Ғунд ғарқ шудааст.
5 нафар ғаввосону наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Ҷустуҷӯ то торикӣ идома дошт, вале бенатиҷа анҷом ёфт. Сар аз субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯи ғарқшуда аз сар гирифта шуданд.
Маълумоти иловагӣ чоп хоҳад шуд.