Мо ва коронавирус. Оё муолиҷашудагон дубора сироят мешаванд? Илм посухи ин суолро надодааст. Пас эҳтиёт бояд кард

Аз охири ҳафтаи гузашта як хабари зоҳиран фейкӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сайр мекунад. Хабари ҳушдордиҳанда, хабаре, ки аз ҳамагон даъват мекунад дар мавриди КОВИД-19 хушбовар набошанд. Асли хабар ин аст: “Чи гунае ки хабар расид. Шахсоне ки ба каронавирус гирифтор шуданд ва шифо ёфтанд имконияти боз ба ин бемони гирифтор шуданашон вучуд дорад ва ин маротиба нисбатан чиддитар ин вирус ба организми онхо таъсир мерасонад. Он шахсоне ки шифо ёфтан ва боз ба бемори гирифтор шуданд холати худро шарх доданд хеле нисбат ба аввала чидди беморанд. Дар ин хусус Амрико, Гонконг ва Россия фикрхои худро баён кардаанд лекин то хол сабабашро пайдо накардаанд ва онхо аз он хавотир хастанд ки ин вирус 2 сол идома ёбад ва ё ин ки хеч гох дору барои табобати ин вирусро сохта натавонанд. Дустони азиз аз ин сабаб лозим аст эхтиёткор бошед ва ин хабарро ба дигарон низ равон кунед то ин ки онхо низ саломатии худро хифз намоянд...! Ва Иншааллох мо ин вирусро ба хуби сипари менамоем...”

Инро бидуни таҳрир овардем. Чуноне дида мешавад, муаллиф ё муаллифони хабар хостаанд ба ҷомеа як бори дигар ҳушдор диҳанд, ки бепарвоиро дар ин маврид як сӯ гузорад ва кулли қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

Аммо ин ҷо сухан асосан дар бораи дубора сироят шудани муолиҷашудагон аз коронавирус меравад. Яъне, хавфи дубора гирифтори ин беморӣ шудан вуҷуд дорад. Муаллиф ё муаллифон Амрико, Ҳонконг ва Русияро мисол меоранд. Ҳоло мушикофӣ намекунем, ки то куҷо ин хабар поя дорад. Вале ин ки илм ҳанӯз посухи ин суолро қатъӣ надодааст, аниқ аст.

Мо, ки пайваста матолиби коронавирусро пайгирӣ мекунем, то ҳол надидем ва нахондаем, ки пажӯҳише исбот карда бошад, ки як бор сироятшудагон дигар сироят намешаванд. Буданд ин гуна хабарҳо, натиҷаи баъзе таҳқиқотҳо. Вале муътамад набуданд. Ҳоло Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳам инро тайид накардааст. Ягон ниҳоди муътабари илмӣ ҳам натиҷаи пажӯҳиши худро дар ин маврид расонаӣ накардааст. Аммо хабарҳо дар бораи дубора сироят шудани муолиҷашудагон гоҳ-гоҳе пеш аз ин ҳам интишор ёфта буд, ҳатто дар ҳамон ватани ин вирус – Чин. Пас хатар вуҷуд дорад.

Ва дигар: Ҳатто бигзор ин як хабари фейкист. Аммо шумо хонандаи ин сатрҳо, дар кадом гӯшаи кишвар дидед, ки одамон қоидаҳои беҳдоштиро риоя мекунанд? Мо надидем. Риояи қоидаҳо ҳамагонӣ нашудааст. Як бор ба маршрутка ё автубусу тролейбусҳои шаҳр савор шавед. Бинед ва шуморед, ки ниқобдорон чанд нафаранду бениқобҳо чанд нафар. На ронада, на нозир, на пулчин ниқоб надоранд. Ин эҳтиёҷ ба ҳеҷ таҳқиқе нест. Ҳамин хел вориди нақлиёт шудану ба чашм дидан кофист.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус Ситоди ҷумҳуриявии мубориза ва пешигирӣ аз коронавирус борҳо таъкид карда, ки сокинон набояд бепарво бошанд. Ва он ки Вазорати тандурустӣ мегӯяд сироят кам шудааст, ба маънои пурра гум шудани вирус нест.

Ҳоло ҳам марги азизонро мебинему мешунавем, ҳоло ҳам шахсиятҳои шинохтаро мехонем, ки бо ин беморӣ дастбагиребонанд.

Донишманди саршиноси кишвар, доктори илмҳои филологӣ Шодимуҳаммад Сӯфизода ахиран дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод, ки аз КОВИД муолиҷа мекунад. Соле қабл дар ҳамин рӯз чи андешҳое дар сар мепарваридам. Ҳозир дар набард бо Ковид дастбагиребонам ва ба ёрии китоб, ки анису ёвари лаҳзаҳои ҳассоси зиндагиям ҳаст, мутмаинан ба ин беморӣ пирӯз хоҳам шуд”.

Хабаргузориҳо аз бистарӣ шудани Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев навиштанд. Инро ҳунарманд ва писараш тайид карданд. Духтурон гуфтанд, ки ҳунарманди шинохта аз итиҳоби дутарафаи шуш ранҷ мебарад. Вай бо изҳори сипос ба мардуми кишвар ва мухлисони ҳунараш гуфт, ки ҳоло дар бемористони Истиқлол аст ва ҳолаш аллакай рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Метавон ин гуна мисолҳо зиёд овард. Вазорати тандурустии кишвар ҳам ахиран бо хушбинӣ аз вазъ эълон кард, ки дар як шабонарӯз 35 нафаррро чун сироятшудаи нав ба қайд гирифтааст ва 32 нафар баъди муолиҷа ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Ин манбаъ шумори умумии сироятёфтагон дар ҷумҳуриро 8792 нафар ва шифоёфтагонро 7581 (86,2%) эълон кард. Аз КОВИД-19 дар Тоҷикистон 70 нафар ҷони худро аз даст додаанд. 

Б.Шафеъ