Дар доираи татбиқи "Нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зидди эпидемӣ дар пандемияи COVID-19", инчунин бо мақсади пурзӯр намудани пешгирии хавфи паҳншавии сирояти коронавирус (COVID-19) ва таъмини беҳбуди санитарию эпидемиологии аҳолӣ, кормандони КҲФ ба корҳои таблиғотӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, кӯдакистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна, инчунин дар ҷойҳои серодам - дар истгоҳҳо, майдонҳо ва бозорҳо идома медиҳанд.”
Чунончӣ, ҳафтаи равон кормандони Кумита якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Рашт бо истифода аз мошини махсуси таблиғотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар байни мардум вохӯриҳои таблиғотӣ баргузор намуданд. Ғайр аз он, дар чор қисми ҳарбии Кумита, ки дар минтақаҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Рашт ҷойгиранд, маъракаҳои таблиғотӣ баргузор шуданд.
Дар рафти вохӯриҳо кормандони Кумита бо нишон додани видеофилмҳои омӯзишӣ ва филмҳои тасвирӣ, ки дар бораи риояи чораҳои пешгирикунанда, гигиенаи шахсӣ ва зарурати муроҷиати барвақт ба духтур ҳангоми пайдоиши нишонаҳои аввали бемории коронавирус маълумот медиҳанд, ба иштирокчиён тамоми қоидаҳои бехатарӣ ва роҳҳои пешгирии аз сироят ба коронавирусро шарҳ доданд.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯриҳо 4 намуди плакатҳо, брошюраҳо ва дискҳо тақдим карда шуданд, ки дар онҳо дастрастарин ва осонтарин роҳҳои ба атрофиён расонидани иттилои зарурӣ намоиш дода шуданд. Ин воситаҳои аёнӣ бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Юнисеф) омода карда шуданд.
Дар вохӯриҳо зиёда аз 600 нафар кӯдакон, наврасон, хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллии шаҳрҳо ва ноҳияҳои зикршуда ширкат варзиданд.
Корҳои таблиғотӣ ҳамоно дар ҷараёнанд ва оянда дигар ноҳияву шаҳрҳоро ҳам фаро хоҳанд гирифт.