Дар воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои танатанавӣ баргузор шуданд.
Чунончӣ, 8 сентябри соли 2020 дар раёсатҳои КҲФ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҷаласаҳои тантанавӣ баргузор шуданд, ки дар онҳо дастовардҳои Истиқлол дар 29 соли сипаришуда зикр гардиданд. Дар вазъи тантанавӣ табрикоти идонаи Раиси Кумита хонда шуд.
Барои хизматҳои арзандаву шоиста ва иҷрои қарз, мардонагиву ҷасорат ва худфидоӣ дар роҳи наҷоти осебдидадгон як қатор кормандони раёсатҳо бо ифтихорнома ва мукофотҳои идоравӣ қадрдонӣ шуданд.
Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи воҳидҳои сохтории Кумита, ҳамчунин дар қисмҳои ҳарбии он баргузор шуданд.
Чунончӣ, рӯзи 9-уми сентябри соли ҷорӣ дар қисми ҳарбии КҲФ воқеъ дар водии Вахши вилояти Хатлон Рӯзи Истиқлоли кишвар ҷашн гирифта шуд. Дар ин рӯзи фаромӯшношуданӣ аз ҷониби Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон барои сарбозону афсарони ин қисми ҳарбӣ мизи идона ороста шуд, ки дар он роҳбарони Раёсати КҲФ ширкат карданд.
Сарвари Раёсат полковник С.Исозода ҳамаи ҷамъомадагонро ба муносибати Рӯзи Истиқлол муборакбод кард ва ба онҳо комёбиву муваффақитҳо орзу намуд.
Дар поёни чорабинӣ барномаи консертӣ бо ширкати ҳунармандони вилоят доир шуд.