Ҷасади ронандаи “Мерседес Бенс” , ки 18 август бо 4 мусофир сарозер шуда буд, пайдо шуд. Ҷустуҷӯи дигарон идома дорад

Шоми дирӯз, 6-уми сентябр, соати 19:10 дақиқа наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади ронандаи 57-солаи мошини “Мерседес Бенс”-ро дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пайдо ва ба хешовандонаш супурданд.

Ин мошин рӯзи 18-уми августи соли равон бо чор мусофираш ба дарёи Варзоб сарозер шуда буд. Аз он рӯз то кунун ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома дошт.
“Мерседес Бенс” бо ронанда ва мусофиронаш ба дарёи Варзоб сарозер шуд. На аз мошин хабареву на аз мусофиронаш. 

Ронанда сокини шаҳри Душанбе Авайдулло Ҳасанов буда, 57 сол доштааст. Сабаби сарнагун шудани мошин маълум нест. Аммо ин як ҳодисаи хеле пурдаҳшати моҳи гузашта буд, ки сурат гирифт.  

Дар айни замон ҷустуҷӯи ҷасади ду мусофири дигари мошин, сокини 49-солаи Панҷекат ва ҷавони 28-сола, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб идома дорад.

 

барчасп: