"Илм ба одамон бовар намекунад”: Суолҳо ба мақолаи маҷаллаи Lancet дар бораи воксани зидди коронавируси Русия аз куҷо пайдо шуданд?

Идораи маъруфтарин маҷаллаи тиббӣ Lancet, ки як ҳафта қабл натиҷаи як санҷиши клиникии воксани русӣ зидди КОВИД-19-ро дар шакли мақолаи илмии таҳлилӣ интишор дод, нома дарёфт, кард, ки муаллифон ба маълумоти ироашуда шубҳа мекарданд. Ин мақола дар зеҳни профессори биологияи Донишгоҳи амрикоии Темпл Энрико Буччи суолоти зиёди муаммобарангезро эҷод кардааст. Профессор Буччи дар олами илм чун яке аз муборизони машҳур зидди илмҳои дурӯғин шинохта шудааст. Нигарониҳои худ аз эҳтимоли баъзе иштибоҳҳоро ӯ ахиран дар як номаи боз ба роҳбари созандагони воксан Денис Луганов ва муҳаррири маҷалла Ричард Ҳортон иброз дошт.

Гуфта мешавад, ки ин номаро ҳамчунин 25 нафар профессорон аз даҳ кишвари олам (Олмон, Италия, ИМА, Фаронса, Британияи Каир, Ҷопон) низ имзо кардаанд ва дар миёни онҳо сарвари Федератсияи аврупоии кимиёи тиббӣ Ив Оберсон низ дида мешавад.

Рӯзи сешанбеи гузашта Логунов дар "Медуза" гуфтааст, ки дар мақола чизе иштибоҳ нашудааст, вале омодаа аст посух диҳад, агар идораи маҷалла суолоташро ирсол кунад.  

Дар ҳамин ҳол "Lancet” аз муаллифони таҳқиқот хостааст ба суолҳои матраҳшуда дар мавриди мақола посух диҳанд. Сардабири ин маҷалла ба ВВС гуфтааст, ки “мо ботаваҷҷуҳ рӯйдодро пайгирӣ мекунем”.   Ҳамзамон идораи маҷаллаи  Lancet гуфтааст, ки пеш аз чоп мақолаи олимони Русия аз санҷиши ҳатмии мустақил гузаштааст ва онро "коршиносони байналмилалӣ дар соҳаи Ковид-19 ва воксанҳо" баррасӣ кардаанд. Логунов низ рӯзи чоршанбе эълон кард, ки матолиби овардашуда дақиқ аст ва қабл аз чоп панҷ нафар ба он тақриз дода буданд.  

Профессор  Энрико Буччи дар олами илм муаллифи бештар аз 80 мақола дар нашрияҳои обруманди тақризшавандаи сатҳи ҷаҳонист ва яке муборизони сарсахт бар зидди таҳқиқоти бесифати олимон аст ва ҳатто дар саҳифаи Интернет як болг ҳам дорад бо номи “Олимони бад” (Сattivi Scienziati).

Профессор ба Би-би-сӣ гуфт, ки ман бештари вақти худро барои пайгирии нашрияҳои илмӣ барои тақаллуб ва номувофиқии маълумоти пешниҳодшуда сарф мекунам. "Пас ин бори аввал нест, ки ман ба як мақола дар нашрияи муътабари илмӣ эрод мегирам”.

Энрико Бучи мегӯяд аввалин чизе, ки ӯро дар мақолаи муаллифони Русия ба ҳайрат овард, ин маълумоти такрорӣ буд - масалан, нишондиҳандаҳои комилан шабеҳи антитела дар ҳамаи нӯҳ иштирокчии яке аз гурӯҳҳои ихтиёриён дар рӯзҳои 21 ва 28 пас аз қабули воксан.

Буччи шарҳ дод: “Мисли ин ки ду нафар 9 бор такроран болои миз муҳраҳои бозиро партояд ва ҳамаи онҳо як натиҷа доштанд: мувофиқ омаданд. Ин на танҳо имконнопазир аст, балки номумкин мебошад”.

Пас аз бадиққат омӯхтани мақола профессор Буччи як қатор тасодуфҳоро кашф кард ва мехост маълумоти ибтидоии санҷишро тафтиш кунад - аммо онҳо дар мақола набуданд. Буччи мегӯяд: "Ба як мақолаи шабеҳ дар бораи озмоишҳои воксани коронавируси Оксфорд, ки дар Lancet низ нашр шудааст, 128 саҳифа замима барои мутолиа пешниҳод шудааст, ки дар он шумо метавонед ҳар маълумоте мехоҳед, пайдо намоед. Аммо мақолаи нашршудаи олимони рус ҳамагӣ 11 саҳифа аст ва боз ҳамроҳ бо рӯйхати маъхазҳо”.

Дар айни замон, ӯ таъкид мекунад, ки вай ҳоло муҳаққиқони Русияро ба чизе айбдор карданӣ нест, танҳо аз диди назарияи эҳтимолият, натиҷаҳои дар мақола овардашуда чандон қобили боварӣ нестанд. "Мо танҳо мехоҳем, ки шарҳи чӣ гуна ба даст овардани ин натиҷаҳои такроршавандаро дошта бошем. Шояд баъзе тавзеҳот бошад, аммо барои пайдо кардани он ба мо маълумоти аввалия лозим аст, - мегӯяд профессор Буччи." Дар сурати набудани маълумот, мо наметавонем иштибоҳоти эҳтимолии ин таҳқиқотро санҷем”. Вай мегӯяд, “илм ба одамон бовар надорад. Илм ба рақамҳо ва маълумоти бадастомада аз таҷрибаҳо бовар мекунад”.

Профессор Буччи ҳамчунин ба таърихи мақола ба назари шубҳа нигаристааст. Вай мегӯяд маълумоти охир дар бораи мақола таърихи 11 август аст, вале онҳо алалкай рӯзи 4 сентябр нашр шудааст.

"Маълум мешавад, ки маълумот ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил карда шуда, сипас бар пояи он мақола навишта шудаву ба муҳаррир ва аз он ҷо барои баррасӣ ба муқарризон ирсол шудаву, сипас нашр шудааст. Он ҳам зарфи се ҳафта?  Ин хеле ва хеле ғайриоддӣ аст" мегӯяд ӯ.

ВВС дар шарҳи худ менависад, ки ба хабарнигорони вай муяссар нашуд, ки назари Логуновро бигиранд. 

9 сентябр дар Русия марҳилаи сеюм ва охирини озмоишҳои клиникии ваксинаи Sputnik V оғоз ёфт. Дар марҳилаи ҳалкунандаи санҷиш бояд 40 ҳазор ихтиёриён ширкат варзанд, ки беш аз 30 ҳазор нафарашон аллакай ҷалб карда шудаанд.

Мақолаи олимони рус дар маҷаллаи Lancet рӯзи 4 сентябр нашр шуд. Дар он гуфта мешуд, ки доруи русии Sputnik V, ки онро Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии микробиологияи ба номи Н.Гамалеи омода кардааст, қобилияти эҷоди иммунитети мураккаб алайҳи коронавирус дар бадани инсонро дорад, 100% бемороне, ки дар озмоишҳо иштирок мекунанд, антителаҳо эҷод карданд, онҳо таъсири ҷиддӣ надоштанд.

Рӯзи 11 августи Президенти Русия В.Путин ба оламиён хабар дод, ки аввалин воксани зидди коронавирус КОВИД-19 дар ин кишвар сабт шуд ва қатори ихтиёриён яке аз духтарони президент низ эм карда шудааст.  

Ахиран Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки дар саросари олам дар айни замон беш аз 160 воксан мавриди санҷиш қарор гирифтааст ва то кунун ягон воксан аз санҷиши пурра нагузаштаву тавсия нашудааст.

Николай Воронин,
Олга Дьяконова
Би-би-си
-----------------------------------------
Таҳияи Б.Шафеъ