Ду корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо медалҳои “Ҷасорат” ва “Хизмати шоиста” сарфароз шуданд

Дар остонаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори дигар намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду нафари дигар аз ҷумлаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Имрӯз, 4-уми сентябр Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи миллат дар як вазияти ботантана ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногуни кишвар, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозони содиқи Ватанро барои хизматҳои шоён дар назди давлату миллат қадрдонӣ менамоем.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо заҳмати аҳлонаву софдилонаи мардуми созандаву бунёдкори тоҷик сол ба сол ободу зебо гардида, шароити зиндагии сокинони кишвар мунтазам беҳтар шуда истодааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамару поквиҷдонона ва хизмати фидокоронаву содиқонаи ҷавонмардони бонангу номуси миллат, яъне кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро дар ин раванд бисёр назаррас ва арзишманд арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат хизмати содиқона ба халқу Ватан, яъне ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи қонунияту тартибот, ҳаёти осоиштаи мардум ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳамеша қадрдонӣ мекунанд, зеро нақши родмардони Ватан дар таҳкими суботу амнияти ҷомеа ва мустаҳкам намудани аркони давлатдории навини тоҷикон бисёр муҳим мебошад.

Аз 1 сентябри соли 2020 ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ музди меҳнати онҳо низ зиёд карда мешавад.

Сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон, полковник Сулаймон Исозода ва Сардори Сардори Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ–радиометрӣ полковник Дмитрий Стотский бо медалҳои “Ҷасорат” ва “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд. 

Аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии КҲФ ҳамкорони худро ба ин муносибат муборакбод мекунем.

барчасп: