Суҳбат атрофи Паёми Пешвои миллат бо ширкати вакили парламон
Чоп шуд: 21/01/2019 | adminДар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо вакили парламони кишвар, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рустам Қудратов баргузор шуд. Ҳадаф аз ин мулоқот сӯҳбат дар атрофи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.