Хатари барфу борони пуршиддат ва лағзиши тармаву санг рафъ нашудааст

Бориши барфу борон дар манотиқи мухталифи кишвар ҳамоно идома дорад. Хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ рафъ нашудааст. Муттаассифона, на ҳамаи сокинон ба ҳушдорҳои пайваста гӯш медиҳанд. Ҳамоно барои ҷамъоварии ҳезум ё шикор рафтаву ҷони худро дар хатар меандозанд. Рӯзи 20-уми январ дар кишвар ҳаво пурбориштар мешавад ва борону барфи омехта метавонанд ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро боз ҳам мушкилтар созанд.

Бино ба иттилои хадамоти обуҳавосанҷии кишвар хатари лағзиши тарма дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (Варзоб-Анзоб), ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ (Дарвоз-Хоруғ, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим) боқӣ мемонад.

Аз ронандагон хоҳиш мешавад, ки ҳама қоидаҳои ҳаракат дар ин гуна роҳҳо ва ин гуна боду ҳаворо риоя кунанд ва ҷони худу ҷони ҳамроҳони худро ҳифз намоянд. Зарур аст, ки дар минтақаҳои тармахез ронандагон то 500 метр масофаро риоя кунанд.

Ғайр аз ин рӯзи 20-уми январ дар кишвар ҳаво пурбориштар мешавад ва борону барфи омехта метавонанд ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро боз ҳам мушкилтар созанд.

барчасп: