Тамринҳои омодабош ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар Шаҳринав
Чоп шуд: 11/01/2019 | adminМудофиаи гражданӣ омодагии кофӣ мехоҳад ва бахусус дар ҳамин шабу рӯзе, ки зимистон дар мекӯбад ва барфу борон омехта ба ҳам меборанд, хатари офатҳои табиии эҳтимолӣ ҳам зиёд аст. Нерӯҳо ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора барои омодагӣ ба ҳар ҳолати эҳтимолӣ дар тамринанд. Ҳамин гуна як машқи тактикӣ ахиран дар ноҳияи Шаҳринав гузашт.