Нармии ҳаво дар рӯзҳои 13-14 январ эҳтимолияти лағзиши тармаро бештар мекунад

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран иттилоъ дод, ки рӯзҳои 12-13 январи соли равон дар аксари ноҳияҳои кишвар туман меояд. Ду рӯзи баъдӣ, яъне рӯзҳои 13-14 январ ҳаво рӯ ба софӣ меорад, абрҳои боронӣ осмонро холӣ мекунанд, ҳарорати ҳаво низ вобаста ба ин тағйир меёбад.

Табиист, ки мулоим шудани ҳарорат муҷиби обшавии барфҳо ва дар роҳҳои кӯҳӣ фаромадани тарма мешавад. Бахусус дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, ноҳяҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли лағзиши тарма зиёд аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар вақти сафар дар ин роҳҳо эҳтиёт кунанд ва ҷиддан пойбанди қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бошанд.

Фасилаи байни мошинҳоро риоя кунанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хадар наяндозанд. 

Телефонҳои навбатдорони фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда:

93 880 28 19;
221-91-19;

223-13-11.

барчасп: