Бо вуҷуди ҳушдорҳову эълонҳо дар мавриди мушкилоти ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳамоно ронандагон қоидаҳои ҳаракатро риоя намекунанд. Рӯзи гузашта бар асари беэҳтиётии ронанда мошини тамғаи Мерседес дар Фондарё фурӯ рафт ва ронандаи он, шаҳрванди 27-солаи кишвар ба ҳалокат расид. Барфу боронҳои шадиди шабонарӯзи охир ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Аммо роҳҳо бозанд, хадамоти марбута амнияти роҳҳоро зери назорат доранд. Хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои мушкилгузар ва хатарзо навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардааст.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 январи соли 2019 дар қаламрави кишвар ҳавои тағийрёбанда дар назар дошта шудааст. Борон меборад ва дар баъзе манотиқ барфи шадид меборад, бахусус дар ағбаҳо бориши барфи шадид дар назар аст.
Дар ағбаҳои Фахробод, Чормағзак ва Шаршар туман меояд ва роҳро барои ҳаракати мошинҳо тира мекунад. Сардии ҳаво муҷиби яхбандиҳо дар роҳҳои кӯҳӣ мешавад.
Бо вуҷуди таҳдиди хатар роҳҳо дар ҳама самтҳо бозанд ва хадамоти марбута роҳҳоро зери назорат доранд.
Дар мавзеъҳои осебпазир барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани кӯмакҳои фаврӣ дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳо навбатдории шабонарузии гурӯҳи фаврии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ташкил шудааст.
Рӯзи 10-уми январи соли равон дар километри 123 шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе мавзеи Чоре автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес бенс” ба Фондарё фурӯ рафт. Мошин аз ҷониби сокини 27-солаи ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон идора мешуд ва аз Хуҷанд ба самтиДушанбе дар ҳоли ҳаракат буд.
Дастаи махсуси зудамали наҷоти водии Зарафшон, ки он мавзеъ навбатдорӣ мекунанд, ҷасади ронандаи автомашинаи мазкурро аз дарё берун баровард.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд.
Лағзиши тарма дар ағбаҳои Фахробод, Чормағзак Шаршар аз эҳтимол дур нест. Аз ин ронандагонро лозим меояд ҳангоми ҳаракат дар ин роҳҳо қоидаҳои бехатариро комилан риоя кунанд.
Суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд. Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ва ё ҳодисаи нохуши дигар дар роҳҳои мошингард шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои зерин ба навбатдорони фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зананд:
93 880 28 19;
221-91-19;
223-13-11.