Инфиҷор дар болои боми факултаи донишгоҳе, ки дар он 22 ҳазор нафар таҳсил мекунанд

Бар асари як силсила таркишҳо дар Донишгоҳи Лиони Фароса се нафар захмӣ шудаанд. Наҷотдиҳандагон фавран ҳамаи бошандагони биноро аз маҳалли офат хориҷ карданд.   Хабаргузории Reuters навишт, ки ин таркиш дар боми кампус рух додааст. Тибқи хабарҳои фаврӣ дар ин инфиҷорҳо се тан зарар дидаанд. Твиттери донишгоҳ ахиран навишт, ки ин се тан захмҳои сабук бардоштанд ва ба саломатии онҳо таъсире надорад.

Reuters ҳамчунин истинодан ба манбаъҳои пулис хабар дод, ки дар болои бом вақти корҳои таъмир баллони газ инфиҷор ёфтааст ва ин сабабгори сӯхтори азим ҳам шудааст. 

Баъди инфиҷор бом қисман фурӯъ рафт.  The Mirror навиштааст, ки дар ин бино факултаи илм ва техника ҷойгир аст ва дар он наздик ба 22 ҳазор донишҷӯён таҳсил мекунанд.  

Маврид ба ёдоварист, ки 12 январи соли равон дар маркази шаҳри Порис дар як бино инфиҷори сахте рух дод, ки чор нафарро ҳалок кард ва зиёда 50 нафар захм бардоштанд. Дар бораи сабабҳои ин таркиш маълумоти бештаре ироа нашудааст.

барчасп: