Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагоне, ки дар ҳамин рӯзҳои вазнину сахт сафар доранд, чанд тавсияро ҷиҳати таъмини бехатарӣ ироа мекунад:
- аввал дурустии мошинро санҷед, камбудиҳои онро ислоҳ намоед;
- мошинро бо маводи сӯхт комил таъмин кунед ва бо худ маводи сӯхти иловагӣ дошта бошед, то дар ҳоли зарурат барои гарм кардани мошин истифода кунед;
- чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунед, мошинҳои калонҳаҷму боркашро бо занҷирҳои зидди лағзиш дар яхҳо, чароғҳои фурӯзон, панҷараи радиатор таъмин намоед, ҳамчунин дурустии системаи гармидиҳии мошинро тафтиш кунед;
- бо худ ҳамтман сару либоси гарм, чароғ, бели хурд, таноби мошинкаш, гугирд, бушкае бо маводи сӯхт, оби гарм гиред;
- доруҳои заруриро дар дорухонаи хурди мошинатон дошта бошед;
- бо ҳамон суръате ҳаракат кунед, ки бехатарӣ дар роҳ риоя шавад, ҳаракатро дар ҷойҳои одамгузар, назди боғчаву мактабҳо, гардишҳову нишебиҳо боз ҳам сустар кунед;
- ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ масофаи байни мошинҳоро риоя кунед ва ин масофа ҳар қадар дуртар бошад, беҳтар аст;
- аз ҳаракатҳои тезу гаштҳои тез худдорӣ кунед;
- агар мошини худро барои ин гуна сафарҳои пурхатар омода карда натавонистед, пас хеле хуб мешавад агар ба сафар набароед ва ё муддате сабр кунед, то роҳҳо барои сафар муносибатар шаванд;
- тавсияҳои ВКД, КҲФ дар бораи маҳдуд намудани ҳаракати мошинҳо дар роҳои ҷудогонаро ҳангоми тарма ва резиши санг риоя намоед;
- бо худ симкортҳои якчанд ширкатҳои телефонии Тоҷикистонро дошта бошед;
- дар ҳолатҳои торикӣ ва туман аз ҳаракат дар роҳҳои мошингард худдорӣ намоед.