Ҳалокати ду нафар бар асари лағзиши тарма. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад: ҲУШЁР БОШЕД!

Тарма ду нафарро дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба комаш кашид. Онҳо ҳушдорҳоро нодида гирифтанд ва дар ҳамин ҳавои сарду боронӣ кӯҳ рафтанд, то ҳезум ҷамъ оваранд. Хатари лағзиши тарма дар кулли роҳҳои кӯҳии кишвар боқист. Танҳо эҳтиёт аст, ки инсонҳоро аз хатар наҷот медиҳад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки шаҳрвандон боз ҳам эҳтиёткор бошанд.

Боронҳои шадид ва резиши барф, ки дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ карда буд, муҷиби лағзиши тарма шуд. Ва мутаассифона боиси ҳалокати одамон низ гашт. 

Чунончӣ, дар кӯҳҳои деҳаи Рогичи ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакенти вилояти Сугд барфи шадиди тӯлонӣ сабаби лағзиши тарма шуд, ки ду сокини ин русто, ки яке 20 сол дошт ва дуюмӣ 30, зери он монданд. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин ду тан он рӯз барои ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ рафта буданд. 

Кормандони Раёсати махсуси хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти КҲФ дар вилояти Суғд, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва ихтиёриён аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ба ҷустуҷӯи тармазадагон шуданд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ ҷасади А.Тиллоеви 30-сола аз зери барф пайдо гардид. 

Ҳамчунин ҳавои борониву барф дар қаламрави ВМКБ ва як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ низ сабабгори лағзиши тарма шуд. Аз ҷумла дар роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим ва Рашт-Сангвор-Лахш-сарҳади Қирғизистон тарма омад.  Дар айни замон барои тоза кардани роҳҳо нерӯҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷалб шудаанд ва дар ин минтақаҳо Ситоди доимамалкунандаи шабонарӯзӣ таъсис шудааст. 

Ғайр аз ин барои таъмини минбаъдаи бехатарӣ дар роҳҳои мошингарди  Душанбе –Чаноқ, Душанбе- Хоруғ, Душанбе-Лахш – марзи Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҳисоби наҷотдиҳандагони КҲФ гурӯҳҳои фаврӣ таъсис гардид, ки шабонабарӯз навбатдорӣ мекнанд. 

Ёдовар мешавем, ки Агентии обуҳавосанҷии кишвар ахиран хабар дод, ки то 29-уми январи соли 2019 хатари лағзиши тарма ва резиши санг таҳдид мекунад. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад, ки эҳтиёткор бошанд ва ҳушёриро аз даст надиҳанд. То ҳадди имкон аз сафарҳои нолозиму нозарур бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ варзанд.

Ҳамчунин маслиҳат дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба кӯҳҳо ҷиҳати ҷамъоварии ҳезум, сайру саёҳат, шикор ва ғайра даст кашанд.

Амнияти Шумо дар дасти худи Шумост!

барчасп: