Ҳангоми роҳандозии корҳои бартарафсозии офати табиӣ ва тоза кардани роҳҳо аз барфтӯдаҳо дар километри 32-уми роҳи мошингради Хоруғ-Ишкошим дар наздикии Барҷир боркаше, ки дар он кормандони Раёсати роҳи ВМКБ савор буданд, зери тарма монд. Дар натиҷа ронанда бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуд ва сокинони 64 ва 40-солаи ноҳияи Ишкошим ба ҳалокат расиданд. Ҷасади ин ду нафар ба хешовандонашон таслим карда шуд. Сокини рустои Ҳафтрӯди ноҳияи Панҷекати вилояти Суғд зери тарма монд ва талошҳо барои наҷоти вай идома доранд.
Аз 15 то17 январи соли 2019 дар қаламрави ВМКБ, ҳамчунин дар ҳудуди ноҳияи Лахш бар асари боришоти пайваста ва идомадор лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, ки он дар қисматҳои ҷудогонаи роҳҳои мошингарди Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб ва Лахш-Қаримиқ баста шуданд. Барои тоза кардани роҳҳо нерӯҳо ва воситаҳои хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ҷалб шудаанд. Ситодҳои шабонарӯзӣ фаъоланд.
Ҳамчунин бо мақсади омӯзиши вазъи нуқтаҳои ҳассос ва эҳтимолияти лағзиши тарма дар роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ 17 январи соли 2019 гурӯҳе иборат аз кормандони КҲФ, Вазорати нақлиёт ва хадамоти роҳи «IRS» барои дидани роҳ эъзом гардид.
Ғайр аз ин барои таъмини минбаъдаи бехатарӣ дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Лахш аз ҳисоби наҷотдиҳандагони КҲФ гурӯҳҳои зудамал созмон дода шудаанд, ки шабонарӯз фаъоланд.
Мутаассифона, ҳангоми корҳои бартарафсозии офати табиӣ ва тоза кардани роҳҳо аз барфтӯдаҳо дар километри 32-уми роҳи мошингради Хоруғ-Ишкошим дар наздикии Барҷир боркаше, ки дар он кормандони Раёсати роҳи ВМКБ савор буданд, зери тарма монд. Дар натиҷа ронанда бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуд ва сокинони 64 ва 40-солаи ноҳияи Ишкошим ба ҳалокат расиданд. Ҷасади ин ду нафар ба хешовандонашон таслим карда шуд.
Ҳамчунин 17 январи соли ҷорӣ тахминан соати 16:00 дар қаламрави деҳаи Ҳафтрӯди ноҳияи Панҷекати вилояти Суғд лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, ки як сокини ин русто зери ғарами барф монд. Наҷотдиҳандагони КҲФ саргарми ҷустуҷӯи ӯ мебошанд.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавосанҷии кишвар то 21 январи соли 2019 хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳои пурбориш ва мушкил ва обу ҳавои тағйирёбандаву зимистони сард, роҳҳои пурбарфу яхбаста ва морпечи кӯҳӣ эҳтиёт кунанд. Дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат худдорӣ кардан ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дучори хатар нанамудан ба манфиат аст.
Худдорӣ аз рафтан ба манотиқи кӯҳӣ бо нияти шикор ва ғунучини ҳезуму корҳои дигар низ худ таъмини амнияту бехатарист.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҳолокшудагон изҳори ҳамдардӣ мекунад, ба фавтидагон аз Худованд Фирдавси барин ва ба бозмондагонашон сабри ҷамил мехоҳад.