Суҳбат атрофи Паёми Пешвои миллат бо ширкати вакили парламон

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо вакили парламони кишвар, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рустам Қудратов баргузор шуд. Ҳадаф аз ин мулоқот сӯҳбат дар атрофи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Профессор Рустам Қудратов иброз дошт, ки дар Паёми Сарвари давлат  роҳи ҳалли ҳама мушкилоти на фақат ҷамъият, балки ҳар фард дар алоҳидагӣ нишон дода шудааст. Муҳим он аст, ки моҳияти Паём дуруст шарҳу тафсир шавад, то дар мафкураи мардум ҷой гирад.

Вакили мардум дар ҷойи дигар аз суханронии худ дар атрофи Паёми Пешвои миллат афзуд: “Паём барномаи зиндагист. Агар фаротар равему мушаххастар ҳарф занем, пас аҳли маориф дар сатҳи рушди илм, сифати таълиму тарбия ва монанди инҳо, табиб дар самти сиҳатии омма, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва ғайра, мардум дар самти иҷрои қонунҳои миллӣ, тарбияи фарзандон, корҳои барои ҷомеа муфид ва ҳатто бекор бояд ҷиҳати ёфтан ва офаридани ҷойи кор масалан, дар заминаи ҳунарҳои мардумӣ саъю талош кунанд”.

Рустам Қудратов ҳамчунин иброз дошт, ки Пешвои миллат дар Паёми солонаи худ оид ба масъалаҳои баланд бардоштани дониши сиёсии ҷавонон, тарбияи ҳисси ватанпарастии насли имрӯза, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва дигар падидаҳои хавфноку хатарноке, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд, сухан гуфта, саҳми ҷавононро дар пешрафти ҷомеаи имрӯза муҳим арзёбӣ кардаанд.    

Дар поёни мулоқот миёни ширкаткунандагон ва меҳмон дар атрофи Паёми Сарвари давлат табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: