Таркиш дар Мексика ҷони 20 нафарро рабуд

Бар асари инфиҷори қубури интиқоли бензин дар шаҳри Тлауелилпани Мексика 20 нафар ба ҳалокат расиданд ва бештар аз 60 нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳодиса рӯзи шанбе рух дод ва губернатори иёлоти Идалғо Умар Файёд аз аввалинҳо шуда хабарро аз тариқи саҳифаи худ дар Твиттер расонаӣ кард.

Ин таркиш дар канори корхонаи қандсозии  Tula рух дод. Дар хабар гуфта мешавад, ки як сокини маҳалли хостааст  аз сӯрохии хати лула барои худ маводи сӯхт гирад. Ҳукуматдорони маҳаллӣ мегӯянд ин шикофро замоне дуздони бензин кардаанд ва мақомоти нозир аз он бехабар будаанд.

Нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ қаламрави таркишро дар муҳосира гирифтаанд.  Президенти кишвар Мануэл Лопес Обрадор изҳор дошт, ки ҳама зарардидагон ва хонаводаҳои қурбоншудагон кумак дарёфт хоҳанд кард. Одамоне, ки бештар сӯхтаанд ва ба ҳаёташон хавф таҳдид мекунад, ба бемористонҳои Мехико интиқол дода мешаванд.

Гуфтанист, ки дуздии бензин як мушкил барои Мексика аст. Бино ба иттилои консерни Pemex соли 2018 ҳар 30 дақиқа як ҳодисаи дуздидани бензин аз қубурҳои интиқоли он ба қайд гирифта шудааст.

барчасп: